Кабирӣ ба шабакаҳои телевизион: Аз мо наҳаросед!

Зимни баррасии масъалаи ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи телевизион ва  радиошунавонӣ » дар ҷаласаи имрӯзаи МН МО ҶТ, вакили парлумон, раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ изҳор кард, ки тӯли 8 соли фаъолият ба сифати вакил шабакаҳои телевизони давлатӣ боре ҳам ба ӯ имкон надодаанд, ки оид ба ин ё он мушкилоти ҷомеа […]


Зимни баррасии масъалаи ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи телевизион ва 


радиошунавонӣ


» дар ҷаласаи имрӯзаи МН МО ҶТ, вакили парлумон, раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ изҳор кард, ки тӯли 8 соли фаъолият ба сифати вакил шабакаҳои телевизони давлатӣ боре ҳам ба ӯ имкон надодаанд, ки оид ба ин ё он мушкилоти ҷомеа дар барномаҳои онҳо ибрози андеша кунад.

«Ин хандаовар аст, вале шабакаҳои телевизиони давлатӣ ҳатто ҳузури ман дар ҷаласаҳои палатаи поёнии парлумонро намоиш намедиҳанд», – идома дод Кабирӣ.

Ба гуфтаи ӯ, ба дархостҳояш перомуни ин масъала Кумитаи телевизиону радиои назди ҳукумат ҳеҷ гоҳ посухи сахеҳу мушаххасе надодааст.

«Таъсири телевизион ба афкори ҷомеа бебаҳс аст. Дар кишвар 8 ҳизби сиёсӣ амал мекунад ва намояндагони 5-тои онҳо дар ҷаласаҳои парлумон ширкат меварзанд, вале дар гузоришҳо оид ба ин ҷаласаҳо дар кадрҳо моро намоиш намедиҳанд, ки боиси эроди интихобкунандагон шудааст», – таъкид дошт раиси ҲНИТ.

М.Кабирӣ ҳамчунин зикр кард, ки шабакаҳои телевизиони давлатӣ «моликияти на танҳо як доира ё гурӯҳи шахсон, балки тамоми мардум аст».

«Аз рӯи аксари мушкилоти ҷомеа, масоили таъмини амният дар минтақаву сатҳи байнулмилалӣ мо бо ҳукумат мавқеи яксон ё ба ҳам наздик дорем ва аз ин рӯ, аз шабакаҳои телевизионӣ даъват мекунам, ки аз мо наҳаросед!», – таъкид дошт вакил.

Номбурда афзуд, «ба туфайли» чунин сиёсати мақомоти раҳбарии шабакаҳои телевизиони давлатӣ, имрӯз сокинони Тоҷикистон нисбат ба вакилони МНМО ҶТ дар бораи вакилони Думаи давлатии Русия бештар маълумот доранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.