Мавқеи Тоҷикистон дар радабандии ФИФА 8 зина беҳтар шуд

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Федератсияи байнулмилалии Ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) рӯзи 22 декабр радабандии навбатии мунтахабҳои миллии футболро нашр кард, ки ҷамъбастӣ дар соли 2022 мебошад.

Дар он мунтахаби миллии Тоҷикистон бо касби 1187,02 имтиёз зинаи 108-умро ишғол мекунад. Як сол пеш Тоҷикистон дар радабандии ФИФА дар зинаи 116-ум қарор дошт.

Соли равон мунтахабиТоҷикистон таҳти роҳбарии муутахассиси хорват Петр Сегрт ҳамагӣ 9 вохӯрӣ гузаронида, дар 5 бозӣ ғолиб омад ва да 2 бозӣ ба бохт дучор шуда, 2 бозиро мусовӣ анҷом дод.

Мунтахаби Бразилия дар садри аввали радабандӣ боқӣ монд. Дар муқоиса бо радабандии пешина Аргентина ва Фаронса 1 мавқеъ боло рафта, зинаҳои 2 ва 3-юмро ишғол мекунанд. Иштирокчиёни вохӯрии нимфиналии Чемпионати ҷаҳон-2022 – Хорватия ва Марокаш низ мавқеи худро беҳтар намуда, аврупоиҳо мақоми 7-ум ва африқоиҳо зинаи 11-умро касб карданд.

Байни мунтахабҳои қораи Осиё Ҷопон (зинаи 20-ум) пешсаф буда, дар зинаҳои баъдӣ Эрон (24-ум), Кореяи Ҷанубӣ (25-ум) ва Австралия (27-ум) ҷойгиранд.

Миёни кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) Украина то зинаи 26-ум боло рафта, Русия то мақоми 37-ум поин рафт. Дар минтақаи Осиёи Марказӣ Ӯзбекистон пешсаф ва зинаи 77-умро ишғол намуда, Қирғизистон дар мақоми – 94-ум, Қазоқистон – 115-ум ва Туркманистон дар зинаи 135-ум қарор доранд.

Радабандии минбаъдаи ФИФА 6 апрели соли 2023 нашр мешавад.

Рейтинги ФИФА аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишвар аз рӯйи натоиҷи дастаи мунтахаби миллӣ дар давраи 4 сол дода мешавад.

Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июли соли 2013 ва натиҷаи бадтаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...