Орду равғану биринҷ ва ангишт. Кумаки навбатии Тоҷикистон ба Покистон

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми Покистон, ки дар натиҷаи офатҳои табиии селу обхезиҳои шадид моҳҳои охир хисороти зиёди ҷонию иқтисодӣ дида буданд, расидааст. Дар ин бора АМИТ “Ховар бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Исломобод хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, ин кумак аз маводи ғизоӣ, сӯзишворӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва маводи зарурии санитарию шустушўйӣ дар ҳаҷми қариб 5000 тонна, аз ҷумла аз 300 тонна орд, 20 ҳазор литр равғани растанӣ, 100 тонна гандуми истеъмолӣ, 100 тонна биринҷу макарон, 500 тонна оби нӯшокӣ, 1500 тонна ангиштсанг, 2000 тонна семент, 5000 дона шифер, 100 метри мукааб тахта ва беш аз 40 тонна собуни хоҷагӣ иборат аст.

Манбаъ мегӯяд, маблағи умумии кӯмак 19 миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Бояд гуфт, кумаки мазкур 1-уми декабр аз ҷониби Тоҷикистон ба мардуми Покистон фиристода шуда буд.

Қаблан, 15-уми сентябр, ҳам кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми зарардида аз офати табиии Покистон дастрас гардида буд.

Ин кӯмак низ 500 тонна орд, 500 тонна оби нӯшокӣ, ҳазор тонна ангиштсанг, ҳазор тонна семент ва 2 ҳазор дона шифер аз иборат буда, 12,2 млн. сомониро ташкил медод.

Ёдовар мешавем, ки бар асари селхезиҳо дар Покистон 1265 нафар ба ҳалокат расида, 33 млн нафар захмӣ шуданд.

Инчунин, зиёда аз як миллион бинои истикоматӣ, роҳу пулҳо, дигар иншооти таъиноти гуногун ва заминҳои кишт комилан хароб гардиданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...