Темур Раҳимов дар “Masters-2022” соҳиби нишони нуқра шуд

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Темур Раҳимов, ҷудокори тоҷик дар рӯзи охири мусобиқаи ниҳоии “Masters-2022” дар Байтулмуқаддаси Исроил миёни сангинвазнҳо соҳиби нишони нуқра гардид. Дар ин бора ТВ “Варзиш” хабар медиҳад.

Ӯ нахустин ҷудокори тоҷик аст, ки ба даври ниҳоии мусобиқаи “Masters” роҳ ёфт ва соҳиби нишони нуқра гардид.

Дар даври ниҳоии мусобиқа Темур бо Татсуру Саито, ки қаблан ду маротиба аз ӯ мағлуб шуда буд, қувваозмоӣ кард.

“Дар рақобати ин ду ҷудокор Саитои ҷопонӣ дар сонияҳои охир бо усули “осайикоми” тавонист, ки муқобили Темур зафар ёбад ва аввалин нишони тиллояшро дар мусобиқаҳои ниҳоии “Masters” соҳиб шавад”, – менависад ТВ “Варзиш”.

Бояд гуфт, ки ҷудокори сангинвазни тоҷик Темур Раҳмов дар даври аввал озод буд ва рақобатро дар даври дуюм муқобили Ричард Сипоч аз Маҷористон оғоз кард.

Дар ин нерӯсанҷӣ Темур Раҳимов тавонист, ки бо имтиёзи иппон муқобили Ричард Сипоч зафар ёбад ва роҳашро ба даври чаҳорякниҳоӣ ҳамвор созад.

Дар даври чаҳорякниҳоӣ Темур Раҳимов бо ҷудокори озарӣ Ушанги Кокаури сабқат кард. Ин рақобат барои Темур мушкил паси сар шуд, зеро ҷудокори 30 солаи озарӣ то лаҳзаҳои охир хуб истодагарӣ кард. Аммо ин устувории Кокаури масири Темурро тағйир дода натавонист. Зеро дар ин сабқат Темур дастболо гардид ва роҳашро ба даври нимниҳоӣ ҳамвор кард.

Ҳамин тавр, дар даври нимниҳоӣ рақиби Темур – Алишер Юсупов аз Ӯзбекистон гардид. Қаблан Темур дар мусобиқаи Гранд Слами Боку муқобили ин ҷудокори ӯзбек пирӯзӣ ба даст оварда, аввалин нишони тиллояшро соҳиб шуда буд. Дар рақобати имрӯза ҳам Темур тавонист, ки бо имтиёзи иппон муқобили Алишер зафар ёбад.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистонро дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини ҷудо “Jerusalem Masters 2022”, ки 20-22-юми декабр доир шуд, се варзишгари маъруф – Нуралӣ Эмомалӣ (то 66 кг), Комроншоҳ Устопириён (то 90 кг) ва Темур Раҳимов дар вазни +100 кг намояндагӣ мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...