Адабиёти тоҷик бори нахуст дар ҷашнвораи бонуфузи Австралия муаррифӣ шуд

Шоири тоҷик ва муҳаққиқи фарҳанги классикӣ Нуралӣ Нурзод бо ҷоизаи Ҷашнвора-озмуни 11-уми "Open Eurasian Book Forum & Literature Festival" қадрдонӣ шуд. Ӯ дар номинатсияи “Кори академикӣ” ба зинаи 3-юм сазовор дониста шуд. Ҷашнвора (фестивал) аз ҷониби Гилдияи эҷодии авруосиёӣ (ECG, Лондон) созмон дода шуда, аз 10 то 16 декабр дар шаҳри Мелбурн (Австралия) баргузор шуд. […]

Шоири тоҷик ва муҳаққиқи фарҳанги классикӣ Нуралӣ Нурзод бо ҷоизаи Ҷашнвора-озмуни 11-уми "Open Eurasian Book Forum & Literature Festival" қадрдонӣ шуд. Ӯ дар номинатсияи “Кори академикӣ” ба зинаи 3-юм сазовор дониста шуд.

Ҷашнвора (фестивал) аз ҷониби Гилдияи эҷодии авруосиёӣ (ECG, Лондон) созмон дода шуда, аз 10 то 16 декабр дар шаҳри Мелбурн (Австралия) баргузор шуд. Дар доираи он нависандагону шоирон ва дигар ходимони эҷодӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Нуралӣ Нурзод низ дар қатори онҳо қарор дошт. Ӯ ба ҷоизаи ба номи Салтанат Раҳимбекова дар номинатсияи “Кори академикӣ” барои маҷмӯи мақолаҳои “Аз Сада то Наврӯз” бо забони тоҷикӣ соҳиб шуд, хабар додаанд дар ECG.

Ба озмун аз 50 кишвар ҳамагӣ 500 дархост дода шуд, ки 3-тои онҳо аз Тоҷикистон пешниҳод гардида буданд.

Дар доираи ҷашнвораи дабаӣ инчнуин китобҳои нависандаи тоҷик Гулсифат Шаҳидӣ "Соседушки" "Сказки бабушки Гульсифат" низ пешниҳод шуданд.

Ҷашнвораи "Open Eurasian Book Forum & Literature Festival" ягона чорабиниест дар ин соҳа, ки ба рушду таблиғоти адабиёт ва эҷодиёт дар тамоми Авруосиё муосидат мекунад.

Қабули дархостҳо ба озмуни 12-уми адабӣ 1 феврали соли 2023 оғоз мегардад.

Нуралӣ Нурзод алдабиётшинос, рӯзноманигор, доктори илмҳои филологӣ мебошад. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. Дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ ва ҷоизаи адабии ба номи Камоли Хуҷандӣ.

Нуралӣ Нурзод муаллифи 14 китоб, аз ҷумла 5 маҷмӯаи ашъор ва зиёда аз 500 мақолаҳои илмӣ ва ҷамъиятӣ-илмӣ мебошад, ки дар онҳо масоили назм ва насри муосири форсӣ бо шумули робитаи адабии кишварҳои форсизабон дар Эрон ва Афғонистон инъикос меёбанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.