Иштироки Темур Раҳимов, Комроншоҳ Устопириён ва Нуралӣ Эмомалӣ дар Jerusalem Masters 2022

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини ҷудо Jerusalem Masters 2022, ки 20-22 декабр доир мешавад, се варзишгари маъруф — Нуралӣ Эмомалӣ (то 66 кг), Комроншоҳ Устопириён (то 90 кг) ва Темур Раҳимов дар вазни +100 кг намояндагӣ мекунанд. Дар ин бора АМИТ "Ховар" хабар медиҳад. Гуфта мешавад, ки мусобиқаи мазкур имсол бо иштироки […]

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини ҷудо Jerusalem Masters 2022, ки 20-22 декабр доир мешавад, се варзишгари маъруф — Нуралӣ Эмомалӣ (то 66 кг), Комроншоҳ Устопириён (то 90 кг) ва Темур Раҳимов дар вазни +100 кг намояндагӣ мекунанд. Дар ин бора АМИТ "Ховар" хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки мусобиқаи мазкур имсол бо иштироки 314 варзишгар аз 55 кишвари ҷаҳон баргузор мешавад.

“Иштирокчиёни мусобиқа на танҳо барои медалу ҷоизаҳои пулӣ, балки барои дарёфти холҳои арзишманд ҷиҳати дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи соли 2024 дар Париж мубориза мебаранд”, – менависад ин расона.

Гуфтан ба маврид аст, ки мусобиқаи байналмилалии Masters пас аз Бозиҳои олимпӣ ва чемпионати ҷаҳон бузургтарин ва муҳимтарин мусобиқа маҳсуб мешавад. Гирифтани медали тилло дар мусобиқаи Masters ба варзишгар 1800 имтиёз, медали нуқра — 1260 имтиёз ва медали биринҷӣ — 900 имтиёз медиҳад. Барои муқоиса, дар мусобиқаи «Grand Slam», ки чанд соли ахир дар Тел-Авив баргузор шуд, ба даст овардани медали тилло ҳамагӣ 1000 имтиёз арзиш дорад.

Ёдовар мешавем, ки дар мавсими гузашта аз Тоҷикистон 3 варзишгар ба World Judo Masters дар Давҳа рафта буданд. Миёни онҳо натиҷаи беҳтаринро Темур Раҳимов нишон дод, ки дар вазни беш аз 100 кг мақоми панҷумро гирифт. Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯз Хоҷазода- ҳарду дар вазни то 73 кило дар марҳилаи аввал шикаст хӯрданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.