Қасри фарҳанги Бохтар ба номи Аловуддин Абдуллоев гузошта шуд

Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар ба номи Аловиддин Абдуллоев, ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик, ки моҳи феврали соли равон аз дунё даргузашт, гузошта шуд. Аз ҳукумтаи шаҳри Бохтар гуфтанд, қарори маҷлиси вакилони шаҳр дар ин хусус 7-уми декабр барои тасдиқ пешниҳод ва имрӯз, 27-уми декабр, қабул гардид. Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар вилояти […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар ба номи Аловиддин Абдуллоев, ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик, ки моҳи феврали соли равон аз дунё даргузашт, гузошта шуд.

Аз ҳукумтаи шаҳри Бохтар гуфтанд, қарори маҷлиси вакилони шаҳр дар ин хусус 7-уми декабр барои тасдиқ пешниҳод ва имрӯз, 27-уми декабр, қабул гардид.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар вилояти Хатлон ҷоизаҳои раиси вилоят дар риштаи санъати театр ва ҳаҷв ба номи Аловуддин Абдуллоев гузошта шудааст.

Муаллиф ва бозигари нақшҳои саҳнаҳои сербинандаи телевизионии маъруфи "Шӯхиҳои Аловуддин"  рӯзи 17-уми феврали соли 2022 дар синни 57-солагӣ дар шаҳри Бохтар даргузашт.

Ин ҳунарпешаи саршинос, бо барномаи "Шӯхиҳои Аловуддин", ки тӯли 10 соли ахир дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон нашр мешуд, миёни ҷомеаи Тоҷикистон бисёр маъруф буд ва дар барномаву чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ дар дохил ва хориҷи кишвар довар, ровӣ ва муҷрӣ буд.

Аловуддин Абдуллоев 15-уми майи соли 1965 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Ӯ барои нақшҳои мондагор ва хидматҳои пурарзишаш унвонҳои Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2006) ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро дар соли 2013 ба даст оварда буд.

Аловуддин Абдуллоев соли 1989 Донишкадаи ҳунар ва санъати Тоҷикистонро хатм карда, корро дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Қурғонтеппа оғоз кардааст. Ӯ дар ин макон фарҳангӣ ба ҳайси ҳунарпеша ва коргардон бомуваффақият фаъолият намуда, чанд сол раҳбарии ин театрро ба дӯш дошт. 

Аловуддин Абдуллоев дар намоишҳои театрии  “Моҷарои имтиҳон”, “Антигона”, “Табиби зӯракӣ”, “Бозиҳои манфиатҷӯёна”, “Ҳиллаҳои Аҷузкампир”, “Аршин мол-олон”, “Лаку Пак”, “Шаби гирифтани моҳ”, “Давлати Сомониён”, “Найрангҳои Скапен”, “Масал бигӯ, Эзоп” нақши марказиро бозидааст.

Ба ҷуз ин дар филмҳое чун  “Братан”, “Падари моҳтобӣ”, “Туҳмат”, “Чоҳ”, “Қиёми рӯз”, “Шоҳид” ва “Интихоби ман”, филмҳои телевизионии “Дар орзуи падар”, “Боғоч”, “Фарзандони бегона”, “Қарзи виҷдон”, силсилафилми “Хуррамдиёр” ва ғайра низ нақшҳои мондагоре офаридааст.

Ба ҷуз ин дар филмҳои бисёри мустанад ва филмографияҳо ба сифати нақшофару коргардон ҳам ҳузури пурранг дошт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.