Дар Душанбе се нафар барои қимори “алик-малик” 15 шабонарӯз ҳабс шуданд

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Милитсияи шаҳри Душанбе аз боздошт ва ҳабси 3 қиморбоз ё онҳое, ки мардумро ба истилоҳ ба бозии “алик-малик” ҷалб мекунанд, хабар дод.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз онҳо Самандар Юнусови 27-сола, Комил Ризоеви 38-сола ва Шарофиддини Иноятшоҳи 22-сола ном бурдааст.

Гуфта мешавад, ки номбурдагон қаблан низ барои ин кирдор ба ҷавобгарӣ ҷалб гардида, ҷиҳати минбаъд такрор накардан, расман огоҳ карда шуда будаанд.

“Вале бар хилофи талаботи қонунгузорӣ амал намуда, боз ба қиморбозӣ машғул шудаанд”, – омадааст дар хабарномаи РВКД дар шаҳри Душанбе.

Ин ниҳод мегӯяд, нисбати ин се нафар барои итоат накардан ба талаботи қонунии кормандони милитсия тибқи моддаи 479-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, 10 ва 15 шабонарӯзӣ ҳабс шуданд.

“Бо мақсади пурра решакан намудани ин кирдори номатлуб ва ба инобат гирифтани дархосту пешниҳодҳои шаҳрвандон тавассути шабакаҳои интернетӣ, дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомоти милистия пойтахт, дар ҳудуди шаҳри Душанбе рейду амалиёти махсус роҳандозӣ гардида истодааст”, – мегӯяд РВКД дар шаҳри Душанбе.

РВКД дар шаҳри Душанбе аз сокинон ва меҳмони пойтахт даъват кардааст, ки дар сурати шоҳиди чунин ҳодиса гардидан, тавассути телефон навор ва ё акс гирифта, ҷиҳати баррасӣ ба милитсияи пойтахт ирсол намоянд.

Қиморбозӣ ё ба истилоҳи мардумӣ “алик-малик” падидаест, ки баъзан дар кӯчаҳои пойтахт, асосан дар назди бозорҳо ва маконҳои ҷамъшавии одамон ба чашм мерасанд. Ташкилкунандагони он, ки маъмулан чанд нафаранд, мардумро бо ваъдаи бурди маблағ ба бозӣ ҷалб мекунанд. Онҳо ба воситаи пинҳон кардани саққо дар зери се “қуттӣ” ба чашмбандӣ машғул мешаванд.

Мақомот инро падидаи номатлуб ва ғайриқонунӣ мегӯянд ва ҳамасола чанд нафарро боздошт ва ҳабси маъмурӣ мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...