“Хароҷот зиёд аст”. Роҳбари корхонае, ки президент интиқод кард, гуфт, технологияи нав ворид мекунад

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Ҳафтаи гузашта, 23-юми декабр, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон зимни ироаи паёми солонаи худ ба парлумон, ба фаъолияти корхонаҳои саноатии кишвар таваҷҷуҳ карда, аз ҳолати кунунии корхонаи равғанбарории шаҳри Бохтар интиқод кард.

Роҳбарияти ҶСП “Равғани сомониён” мегӯяд, ки соли оянда технологияи нав ворид мекунад ва иқтидори корхонаро афзоиш медиҳад.

Президент зимни суханронии худ гуфт, ки фаъолияти меҳнатиашро дар корхонаи равғанбарории Бохтар оғоз кардааст ва ҳоло ин корхона дар ҳолати “валангор” қарор дорад.

“Ҳар вақте ман ба шаҳри Бохтар меравам, маро махсусан ба кӯчае мебаранд, ки ман дар корхонаи он кор кардаам.  Вале ҳоло валангор аст. Масъулин бояд фикр кунед, ҳаддиақал ба шарофати президент, ки фаъолияти меҳнатиашро аз ин ҷо оғоз кардааст, обод кунед. Он қадар хароҷоти зиёд надорад”, -афзуд Эмомалӣ Раҳмон.

Гуфтан ба маврид аст, ки ин корхонаи равғанбарорӣ дар шаҳри Бохтар, ки замони Иттиҳоди Шӯравӣ бунёд ёфтааст, ҳоло бо номи ҶСП “Равғани сомониён” фаъолият мекунад.

Карим Раҳмонов, директори ҶСП “Равғани сомониён” мегӯяд, ки айни замон дар ин корхона 30 нафар кор мекунанд ва роҳбарияти  корхона ният дорад дар соли 2023 технологияи нав ворид кунад.

“Айни замон корхона иқтидори коркарди 50 тонна пунбадона дар як шабонарӯзро дорад. Технологияи ҳозирае, ки дар корхона истифода мешавад, кӯҳна буда, қисман аз замони ҳӯравӣ боқӣ мондааст ва барқро зиёд харҷ мекунад. Соли 2006 қисме аз технологияро бо таҷҳизоти туркӣ иваз кардем, аммо бо ин ҳам ҳоло корхона дар як моҳ  барои барқ атрофи 60-70 ҳазор сомонӣ сарф мекунад, ки ин ба зарар аст”, – гуфт Карим Раҳмонов.

Дар ҳамин ҳол, аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки корхонаи мазкур дар 11 моҳи соли 2022 24 тонна равғани растанӣ истеҳсол кардааст. Дар соли 2021 бошад, ин корхона 15 тонна равған истеҳсол намудааст.

Пас аз интиқоди президент ҳукумати шаҳри Бохтар ба роҳбарияти ҶСП “Равғани сомониён” бо мазмуни афзоиши иқтидори истеҳсолии корхона мактуб ирсол кардаанд.

Гуфтан ба маврид аст, ки ҳоло ҳозир равғани истеъмолӣ ба бозорҳои кишвар асосан аз хориҷ ворид карда мешавад ва тибқи иттилои раисиҷумҳур, ҳоло танҳо 20 дарсади бозори истеъмолии кишвар бо равғани истеҳсоли худӣ таъмин мегардад.

"Агар се корхонаи истеҳсоли равғанеро, ки ишора кардам, барқарор кунем, 70 дарсади талаботи бозори истеъмолиро таъмин мекунем", -гуфт Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми хеш.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...