Афғонистон ноамнтарин кишвари ҷаҳон дар соли 2022. Вазъи амниятӣ дар Тоҷикистон беҳтар шудааст.

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Тоҷикистон дар гузориши Шохиси ҷаҳонии сулҳ (GPI) барои соли 2022 дар байни 163 кишвар мақоми 92-умро ишғол кардааст. Ин 5 зина болотар аз соли 2021 мебошад.

Тибқи гузориши ахири Шохиси ҷаҳонии сулҳ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Ӯзбекистон бо ишғоли мақоми 86-ум амнтарин кишвар муаррифӣ гардидааст.

Ҳамин тавр, дар ин шохис Қирғизистон дар ҷойи 91-ум, Қазоқистон  дар ҷойи 97 ва Туркманистон дар ҷойи 104-ум қарор доранд.

Ин арзёбӣ, ки рӯзи душанбе, 2-юми январ, нашр шуд, вазъияти амниятии 163 кишвари ҷаҳонро баррасӣ кардааст.

Дар ин шохис Исландия амнтарин кишвари ҷаҳон муаррифӣ гардидааст. Дар даҳгонаи амнтарин кишварҳои ҷаҳон ҳамчунин, Зеландияи Нав, Ирландия, Дания, Австрия, Португалия, Словения, Чехия, Сингапур ва Ҷопон ворид гардидаанд.

Эстония-мақоми 33-юм, Латвия-мақоми 35-ум ва Литва–мақоми 37-умро соҳиб шуда, амнтарин кишварҳо дар паҳнои Иттиҳоди Шуравии собиқ муаррифӣ шудаанд.

Афғонистон ноамнтарин кишвари ҷаҳон унвон шудааст. Ин давлат дар зинаи 163-юм қарор дорад. Ин маротибаи 6-ум аст, ки Афғонистон пайиҳам ноамнтарин кишвар дар ҷаҳон эътироф мегардад.

Дар даҳгонаи ноамтарин кишварҳои ҷаҳон Яман, Сурия, Русия, Судони Ҷанубӣ, ҶД Конго, Ироқ, Сомалӣ, ҶМ Африқо ва Судон шомил шудаанд.

Украинаи ҷангзада бошад дар мақоми 153-юм қарор дорад.

Шохиси ҷаҳонии сулҳ афзудааст, ки вазъи амниятии 90 кишвари ҷаҳон беҳбуд ёфта ва 71 кишвари дигар ноамнтар шудаанд.

Шохиси ҷаҳонии сулҳ гузоришест, ки тавассути Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва сулҳ таҳия гардида, мавқеияти нисбии сулҳомез будани кишварҳо ва манотиқро месанҷад. Бар асоси гузориши Шохиси ҷаҳонии сулҳ дар даҳсолаи ахир кишварҳои ҷаҳон нисбат ба сулҳ бештар ба хушунат рӯ овардаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...