Аъзои нави Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. Онҳо кистанд?

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Тавре яке аз кормандони Иттифоқи нависандагон иттилоъ додааст, дар ҷаласаи навбатии ин ниҳоди адабӣ, шоир Искандари Раҳмон, нависанда ва публисист Холиқназар Ҷумъазода, нависандагон Шоҳмансури Шоҳмирзо, Таҳминаи Эмин ва Муҳаббати Юсуф ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуданд.

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон яке аз ниҳодҳои асосии адабӣ дар кишвар аст, ки бештари шоирону нависандагон сайёъ мекунанд, узви он бошанд.

Таҷриба нишон медиҳад, ки атрофи узвияти адибон дар ин созмон баҳсҳо ҳамеша зиёд будааст. Чанд сол пеш роҳбарияти Иттифоқи нависандагон масъалаи “аз сафи аъзои ин созмон ихроҷ намудани адибони тасодуфӣ”-ро шурӯъ кард, ки дар натиҷа, чанде аз шоирону нависандагон аз аъзогии ин созмон хориҷ карда шуданд.

Гуфта шуд, ки чунин тасмим ба хотири поксозии сафи Иттифоқи нависандагон аз “адибони тасодуфӣ ва камҳунар, ки аслан аз соли 2010 то соли 2015 шомили иттифоқ шудаанд”, гирифта шудааст. Ин тасмим як баҳси тундеро миёни адибон ба бор овард ва бештари адибон онро кори нодуруст унвон карданд.

Бо ин вуҷуд ҳамасола шумораи зиёди шоирону нависандагон, махсусан ҷавонон ба узвияти ин созмон пазируфта мешаванд. Охири моҳи декабри соли 2021 Муҷибахон Ҷавҳарӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб шуд. Дар баробари ӯ шоирон Иброҳими Наққош, Ҷавҳари Саидназар (Лолаи Саидакбар), Абдуманнони Хаммор (Абдуманнон Одинаев), нависанда Шоҳбегим ва тарҷумони ҷавон Сурайё Аҳмадзод ба сафи аъзои нав Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пайвастаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...