Сафорат: Ҳар чор ҳалокшуда дар садамаи Иркутск шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, ҳар чор нафаре, ки дар ҳодисаи 9-уми январи соли равон дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Братски вилояти Иркутски Русия ҷон доданд, шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Ин ниҳоди дипломатӣ шоми дирӯз, 9-уми январ гуфта буд, ки ду нафари онҳо шаҳврандони Тоҷикистон буда, шахсияти ду нафари дигар аз ҷониби мақомот маълум карда мешавад.

“Сафорати Тоҷикистон дар Русия вобаста ба ҳалокати шаҳрвандони Тоҷикистон бар асари садамаи нақлиётӣ, ки 9 январи соли ҷорӣ дар шаҳри Братски вилояти Иркутски Федератсияи Русия рух дода буд, бо изҳори таассуф хабар медиҳад, ки тибқи маълумоти мақомоти дахлдори кишвари иқомат ҳар чор нафар ҳалокшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд”, – омадааст дар иттилоияи сафорат, ки имрӯз, 10- уми январ нашр шуд.

Мусъулини сафорат гуфтаанд, ки Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск ҷиҳати интиқол додани ҷасадҳо ба Ватан ба наздикону пайвандони фавтидагон кумак мерасонад.

“Қазияи мазкур таҳти пайгирии Сафорат ва Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Новосибирск қарор дорад”, – зикр мешавад дар иттилоияи онҳо.

Ёдовар мешавем, ки субҳи дирӯз, 9-уми январи соли 2023, дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори садамаи нақлиётӣ, ки гуфта мешуд, дар натиҷаи он, 4 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд, паҳн гардид.

“Азия-Плюс” барои шарҳи ҳодисаи мазкур ба Сафорати Тоҷикистон дар Русия муроҷиат карда буд. 

Аз ниҳоди дипломатӣ дирӯз, 9-уми январ гуфтанд, ки ду нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон буда, барои муайян кардани шахсияти ду нафари дигар кор идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...