Роҳсозони қазоқ 18 шаҳрванди Тоҷикистонро ба ҷойи гарм интиқол доданд

Asia-Plus

Роҳсозони Кустанай (Қазоқистон) 18 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки миёнашон 5 нафар кӯдакон ҳам ҳузур доштанд, ба нуқтаи гармшавӣ интиқол доданд, иттилоъ медиҳад хабаргузории “Казинформ”.

Микроавтобуси мусофирбар бо шоҳроҳи А22 “Қарабутак-Кустанай” аз вилояти Актюбинск ба самти шаҳри Тюмен раҳсипор буд.

“Ҳангоми ба постгоҳ расидан, мусофирон огоҳ мешаванд, ки дар робита ба поинравии ҳарорати ҳаво, ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо сӯзишвории дизелӣ (солярка) тариқи ин роҳ манъ шудааст. Барои роҳ надодан ба яхкунии сӯзишвории дизелии микроавтобус ва таъмини бехатарии одамон роҳсозон шаҳрвандони Тоҷикистонро ба нуқтаи гармшавӣ интиқол додаанд ва то мусоид шудани обуҳаво онҳо он ҷо қарор доштанд”, – менависад хабаргузорӣ.

Пас аз мусоид шудани обуҳаво микроавтобюус ба роҳаш давом дод. Шаҳрвандони Тоҷикистон барои кумаки саривақтӣ ба роҳсозони қазоқ изҳори миннатдорӣ намуданд.

Қаблан зикр гардида буд, ки дар шоҳроҳи Остона – Петропавловск воқеъ дар қаламрави вилояти Акмола бар асари сармо автобус бо шаҳрвандони Тоҷикистон дармондааст.

Имдодгарон  бо мусоидати мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва хадамоти пулис 49 нафар, аз ҷумла 6 нафар кӯдаконро ба макони бехавф бурданд. Дар масҷиди марказии шаҳри Шучинск онҳо бо ҷойи гарм ва хӯрок таъмин шуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...