Ҳалокати як нафар дар роҳи Душанбе – Чаноқ. Панҷ нафари дигар захмӣ шудаанд

Бар асари садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ як нафар ба ҳалокат расида, панҷ тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар сомонаи худ иттилоъ медиҳад. Таъкид мегардад, ки садама рӯзи сешанбе, 10-уми январ, дар километри 53-юми ин роҳ рух додааст. “Ронандаи худрави «Opel Zafira» ҳангоми ҳаракат аз Душанбе ба […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Бар асари садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ як нафар ба ҳалокат расида, панҷ тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар сомонаи худ иттилоъ медиҳад.

Таъкид мегардад, ки садама рӯзи сешанбе, 10-уми январ, дар километри 53-юми ин роҳ рух додааст.

“Ронандаи худрави «Opel Zafira» ҳангоми ҳаракат аз Душанбе ба самти Хуҷанд, идораи нақлиётро аз даст дода, ба мошини интиқоли гази моеъ бархӯрдааст”, – гуфта мешавад дар хабари ин ниҳод.

Наҷотдиҳандагон аз мошини ба садама дучоршуда шаш мусофирро бо ҷароҳатҳои гуногун берун кашидаан ва яке аз онҳо дар роҳ ба сӯйи шифохона ба ҳалокат расидааст. Панҷ нафари дигар ҳоло дар бемористони ноҳияи Варзоб бистарӣ мебошанд.

Сабабҳои садамаро мақомоти дахлдор тафтиш доранд.

Гуфтан ба маврид аст, ки бар асари бориши зиёди барф, дирӯз дар шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ тармаи зиёд фаромада, ҳаракати нақлиётро душвор намуд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва ҳамчунин, ширкати нигоҳбони роҳ “IRS” дирӯз, 10-уми январ, чанд маротиба аз баста шудану боз гардидани роҳи Душанбе – Чаноқ иттилоъ дода, аз сокинон хоста буданд, ки бе зарурат тавассути ин роҳ ба сафар набароянд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.