Роҳсозони қазоқ 18 шаҳрванди Тоҷикистонро ба ҷойи гарм интиқол доданд

Роҳсозони Кустанай (Қазоқистон) 18 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки миёнашон 5 нафар кӯдакон ҳам ҳузур доштанд, ба нуқтаи гармшавӣ интиқол доданд, иттилоъ медиҳад хабаргузории “Казинформ”. Микроавтобуси мусофирбар бо шоҳроҳи А22 “Қарабутак-Кустанай” аз вилояти Актюбинск ба самти шаҳри Тюмен раҳсипор буд. “Ҳангоми ба постгоҳ расидан, мусофирон огоҳ мешаванд, ки дар робита ба поинравии ҳарорати ҳаво, ҳаракати воситаҳои нақлиёт […]

Роҳсозони Кустанай (Қазоқистон) 18 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки миёнашон 5 нафар кӯдакон ҳам ҳузур доштанд, ба нуқтаи гармшавӣ интиқол доданд, иттилоъ медиҳад хабаргузории “Казинформ”.

Микроавтобуси мусофирбар бо шоҳроҳи А22 “Қарабутак-Кустанай” аз вилояти Актюбинск ба самти шаҳри Тюмен раҳсипор буд.

“Ҳангоми ба постгоҳ расидан, мусофирон огоҳ мешаванд, ки дар робита ба поинравии ҳарорати ҳаво, ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо сӯзишвории дизелӣ (солярка) тариқи ин роҳ манъ шудааст. Барои роҳ надодан ба яхкунии сӯзишвории дизелии микроавтобус ва таъмини бехатарии одамон роҳсозон шаҳрвандони Тоҷикистонро ба нуқтаи гармшавӣ интиқол додаанд ва то мусоид шудани обуҳаво онҳо он ҷо қарор доштанд”, – менависад хабаргузорӣ.

Пас аз мусоид шудани обуҳаво микроавтобюус ба роҳаш давом дод. Шаҳрвандони Тоҷикистон барои кумаки саривақтӣ ба роҳсозони қазоқ изҳори миннатдорӣ намуданд.

Қаблан зикр гардида буд, ки дар шоҳроҳи Остона – Петропавловск воқеъ дар қаламрави вилояти Акмола бар асари сармо автобус бо шаҳрвандони Тоҷикистон дармондааст.

Имдодгарон  бо мусоидати мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва хадамоти пулис 49 нафар, аз ҷумла 6 нафар кӯдаконро ба макони бехавф бурданд. Дар масҷиди марказии шаҳри Шучинск онҳо бо ҷойи гарм ва хӯрок таъмин шуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.