“Лимит”-и барқ бардошта шавад”. Дастури Эмомалӣ Раҳмон ба “Барқи тоҷик”

Мазҳаб Ҷумъа, "Asia-Plus"

Дар пайи бориши барф ва сардиҳои охир Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба ширкати “Барқи тоҷик” супориш додааст, ки маҳдудият ё лимит”-и барқро дар тамоми кишвар аз байн бардошта, аҳолиро шабонарӯзӣ бо нерӯи барқ таъмин кунанд.

Дар ин бора, дирӯз, 11-уми январ, телевизиони “Тоҷикистон” бо такя ба ширкати “Барқи тоҷик” хабар дод.

Дар гузориши ин расона таъкид мешавад, ки аз 11-уми январ маҳдудияти барқ дар кишвар пурра бардошта шуда, аҳолӣ шабонарӯзӣ бо барқ таъминанд.

“То ин вақт бо сабаби норасоии мавсимии захираҳои обу энергетикӣ, ки аз рӯи ҳисоби мутахассисон, дар давраи тирамоҳу зимистон ба қадри зиёда аз 1 милиард квт. соат пешгӯӣ шудааст, таъмини барқ дар баъзе минтақаҳои мамлакат танҳо шабона аз соати 22:00 то 05:00 маҳдуд карда мешуд”, – зикр гардид дар гузориш.

Ишора шуд, ки интиқоли бемаҳдудияти нерӯи барқ бо назардошти афзоиши талабот дар рӯзҳои сард аз як тараф боиси хароҷоти иловагии оби обанбори НБО “Норак” гашта, аз тарафи дигар дар ҳолати риоя нагардидани тадбирҳои сарфаҷӯии неруи барқ ба сарбории шабакаҳои барқӣ, тарансформаторҳо ва садамаҳо дар системаи энергетикаи ҷумҳурӣ оварда мерасонад.

Дар робита ба ин, “Барқи тоҷик” аз муштариён хоҳиш кард, ки нерӯи барқро сарфакорона ва мақсаднок истифода намоянд.

“Маҳз истифодаи сарфакоронаи неруи барқ аз тарафи ҳар як муштарӣ имкон медиҳад, ки таъминоти тамоми соҳаҳои мамлакат ва аҳолӣ бо неруи барқ беҳтар гардад”, – таъкид гардид дар гузориш.

Қаблан, Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Норак гуфта буд, ки дар кишвар “лимит”-и барқ ҳаст, вале он муваққатӣ аст.

“Ҳоло бо истифода аз рӯзҳои мусоид дар кишвари мо низ маҳдудияти интиқоли барқ амал карда истодааст. Вале ин ҳолат муваққатӣ буда, ба хотири дар фасли сармо бо барқ пурра таъмин намудани аҳолӣ ҷорӣ шудааст”, – гуфта буд Эмомалӣ Раҳмон.

Бояд гуфт, қариб ҳар сол ширкати “Барқи тоҷик” аз корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар мавсими тирамоҳ ва зимистон хабар медиҳад ва “лимит”-и барқро ҷорӣ менамоянд.

Имсол, баъди беш аз ду ҳафтаи шикояти аҳолӣ, ин ширкат бо пахши як изҳорот маҳдудияти нерӯи барқро дар кишвар тасдиқ кард ва гуфт “ҳеҷ гоҳ хоҳишманди маҳдуд кардани интиқоли барқ ва бебарқ мондани мардум нестанд, вале имрӯз вазъият ҳаминро тақозо менамояд”.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола шурӯъ аз моҳи октябр аксар сокинони ноҳияҳои Тоҷикистон аз интиқоли барқ ё  “лимит” рӯзона аз соати 8:00 то 17:00 ва шабона аз 22:00 то 06:00  шикоят мекунанд. 

Масъулини ширкати “Барқи тоҷик”, вуҷуди “лимит”-и барқро дар кишвар рад мекарданд ва мегуфтанд, дар ноҳияҳое, ки барқ барои чанд соат қатъ мешавад, он барои корҳои таъмирӣ дар системаи барқрасонӣ сурат мегирад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...