Эмомалӣ Раҳмон: “Лимит”-и барқ ҳаст, аммо он муваққатист”

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни суханронии имрӯзааш бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Норак аз маҳдудияти интиқоли барқ ё  “лимит” дар кишвар ҳарф задааст. Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, “ҳоло бо истифода аз рӯзҳои мусоид дар кишвари мо низ маҳдудияти интиқоли барқ амал карда истодааст. Вале ин ҳолат муваққатӣ буда, ба хотири дар фасли сармо бо барқ […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни суханронии имрӯзааш бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Норак аз маҳдудияти интиқоли барқ ё  “лимит” дар кишвар ҳарф задааст.

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, “ҳоло бо истифода аз рӯзҳои мусоид дар кишвари мо низ маҳдудияти интиқоли барқ амал карда истодааст. Вале ин ҳолат муваққатӣ буда, ба хотири дар фасли сармо бо барқ пурра таъмин намудани аҳолӣ ҷорӣ шудааст”.

Ҳамин тавр, раисиҷумҳури Тоҷикистон афзудааст, имрӯзҳо “бисёр кишварҳои оламро буҳрони энергетикӣ фаро гирифтааст ва ҳатто баъзе давлатҳои хеле пешрафта низоми маҳдуди интиқоли барқ, гармӣ ва сӯзишвориро барои мардуми худ ҷорӣ карда истодаанд”.

Эмомалӣ Раҳмон аз ҳар як оила ва ташкилоту муассисаҳои кишвар хостааст, дар мавсими тирамоҳу зимистон нерӯи барқро сарфакорона истифода намоянд.

Бояд гуфт, қариб ҳар сол ширкати “Барқи тоҷик” аз корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар мавсими тирамоҳ ва зимистон хабар медиҳад ва “лимит”-и барқро ҷорӣ менамоянд.

Ҳамин тавр “Барқи тоҷик” ҳар дафъа мегӯяд, ки “дар рӯзҳои нисбатан гарми фасли тирамоҳ дар як қатор зеристгоҳҳо ва хатҳои интиқоли барқ корҳои таъмирӣ гузаронида мешавад”.

Бо ин сабаб, соли равон низ аз охири моҳи сентябр дар минтақаҳои гуногуни кишвар интиқоли нерӯи барқ маҳдуд гардид.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.