Баъди 3 сол “Золотая корона” корашро дар Тоҷикистон барқарор мекунад

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) рӯзи 10 январ ба низоми пардохти “Золотая корона”-и Русия барои фаъолият дар ҷумҳурӣ иҷозатнома дод. Муҳлати иҷозатнома барои кори ин низом дар бозори Тоҷикистон 5 сол аст. Дар хабари шуъбаи матбуоти БМТ дар ин робита зикр мешавад, ки оператори ин низом Ташкилоти қарзии ғайрибонкии ҳисоббаробаркунии “Платёжный Центр” (ҶДММ) мебошад. “Золотая корона” […]

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) рӯзи 10 январ ба низоми пардохти “Золотая корона”-и Русия барои фаъолият дар ҷумҳурӣ иҷозатнома дод. Муҳлати иҷозатнома барои кори ин низом дар бозори Тоҷикистон 5 сол аст.

Дар хабари шуъбаи матбуоти БМТ дар ин робита зикр мешавад, ки оператори ин низом Ташкилоти қарзии ғайрибонкии ҳисоббаробаркунии “Платёжный Центр” (ҶДММ) мебошад.

“Золотая корона” то соли 2020 дар Тоҷикистон бо ишғоли зиёда аз 80%-и бозори интиқоли маблағ бидуни кушодани суратҳисоб кор мекард.

Моҳи декабри соли 2019 БМТ фаъолияти Маркази миллии протссессингиро оид ба интиқоли маблағ бидуни кушодани суратҳисоб роҳандозӣ намуд. “Золотая корона” пайвастшавӣ ба ин марказро рад намуда, изҳор дошт, ки тартиби нав ба қонунгузории Русия мувофиқ нест.

Баъдтар моҳи феврали соли 2020 собиқ муовини раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе зикр кард, ки механизми кори низоми мазкур ба талабот ҷавобгӯ нест.

“Ҳаҷми интиқоли маблағ хеле зиёд буда, назорати он ба таври бояду шояд ба роҳ монда нашудааст”, – гуфт Нуралиев.

Ба гуфтаи ӯ, маблағгузории террористоне, ки моҳи июли соли 2018 дар Данғара сайёҳони хориҷӣ аз дасти онҳо кушта шуданд, бо интиқол тариқи низоми “Золатая корона” сурат гирифта буд.

Нуралиев гуфт, баъзе ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ шикоят карданд, ки бо истифода аз мавқеи ҳукумрон (монополия)-и худ дар бозор, ин низоми пардохт ба онҳо фишор овардааст.

Зикр шуд, ки “Золотая корона” бо истифода аз фишангҳои дар ихтиёр доштааш метавонист ба вазъи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон таъсири манфӣ расонад.

“Тасаввур кунед, ба гунаи мисол, дар як шабонарӯз ба ҷумҳурӣ аз 250 то 300 млн рубл маблағ интиқол дода мешавад ва 82%-и бозорро як низом дар даст дорад. Дар ин ҳолат ягон ноқисии ночиз метавонист дар маҷмӯъ ба тамоми низоми бонкии кишвар таъсири манфӣ расонад”, – таъкид дошта буд ӯ.

Нуралиев бар ин назар буд, ки ҳадафи аслии “Золотая корона” пурра ишғол намудани низоми пардохти Тоҷикистон буд.

Ёдрас мекунем, ки Ҷамолиддин Нуралиев моҳи июни соли гузашта аз вазифаи муовини аввали раиси БМТ “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” озод карда шуд. Лекин мансаби дигар нагирифт.

Илова бар ин, нимаи моҳи декабр бо амри президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дастур дода шуд, ки ӯ аз ҳайати аъзои Раёсати Бонки миллӣ хориҷ карда шавад.

Айни замон дар Рӯйхати операторони низомҳои пардохти Бонки миллии Тоҷикистон 15 низом сабт шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.