Ҷамолиддин Нуралиев аз мақомаш барканор шуд. Фармон ба Маҷлиси Олӣ фиристода шудааст

Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва домоди Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар аз мақомаш барканор шуд. Дар фармони далели барканории Нуралиев аз мақомаш, ки аз сӯйи раисҷумҳур содир шудааст, омадааст, ки "бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод карда шавад". Ин фармони Эмомалӣ Раҳмон барои […]

Asia-Plus

Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва домоди Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар аз мақомаш барканор шуд.

Дар фармони далели барканории Нуралиев аз мақомаш, ки аз сӯйи раисҷумҳур содир шудааст, омадааст, ки "бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод карда шавад".

Ин фармони Эмомалӣ Раҳмон барои таъйид ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Фармони барканории Ҷамолиддин Нуралиев имрӯз, 10.06.2022 содир шудааст. Дар ҳамин ҳол гуфта намешавад, ки Нуралиев дар чӣ мақоми наве таъин шудааст.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон ҳамчунин аз тағйироти кадрии зиёде дар сохторҳои гуногуни давлатӣ хабар медиҳад. 

Бо як қарори дигари ҳукумати Тоҷикистон ҳамчунин Сафарзода Дилшод Файзалӣ директори Оҷонсии ҳавонавардии мулкӣ (Агентии авиатсияи граждани)-и назди ҳукумати Тоҷикистон таъин шудааст. Дилшод Сафарзода то ин вақт сардори раёсати сохтмони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон буд.

Бо қарорҳои дигари раиси ҳукумати Тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода Баҳодур ва Холмухамадзода Сорбони Амирхонӣ муовинони вазири энергетика ва захираҳои об ва Ҷаббор Носирзода, ки то ин вақт раиси ноҳияи Шаҳринав буд, муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон таъин шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.