Таркиш дар назди ВКХ-и Афғонистон. 21 кушта ва 40 захмӣ

Date:

Дар ҳамлаи интиҳории дирӯз, 11-уми январ, дар назди вазорати корҳои хориҷаи Афғонистон дасти кам 21 нафар кушта ва 40 каси дигар захмӣ шудаанд.

Ба иттилои рӯзномаи “8 субҳ"  ДОИШ ин ҳамларо бар уҳда гирифтааст.

Ба иттилои манбаъ, ДОИШ дар хабарномааш ҳадаф аз ин ҳамларо барҳам задани мулоқоти дипломатони хориҷӣ бо Толибон* унвон кардааст.

Ба гуфтаи бархе аз манобеъ, ин таркиш ҳангоме рух додааст, ки ҳайате аз дипломатони чинӣ дар вазорати корҳои хориҷаи Афғонистон ҳузур доштаанд.

Намояндаи Толибон чанд соат пас аз ин ҳамла, онро кори «душманони низоми исломӣ» хонд ва ваъдаи интиқом дод.

Тайи як моҳи гузашта ин чандумин ҳамлаи ДОИШ бар маконҳои дипломатик дар Кобул аст. Пеш аз ин, гурӯҳи ДОИШ дар наздикии сафоратхонаҳои Русия ва Покистон низ таркиш анҷом дода буд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...