“Бо бел метавон роҳро тоза кард?” Бориши барф дар Хуҷанд аҳолиро ба мушкил мувоҷеҳ кард

Дар шаҳри Хуҷанд бориши барф баъди нисфирӯзии 10-уми январ шурӯъ шуд ва наздики бегоҳ барои ҳаракати нақлиёт ва одамон мушкили зиёдро ба бор оварда. Сокинони шаҳр аз корбарии сусти коммуналӣ нигаронӣ карда, дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” аз омода набудани масъулин шикоят карданд. “Роҳҳои марказии шаҳр соатҳои дароз пур аз барфу ях ва барои ҳаракати озоди […]

Дар шаҳри Хуҷанд бориши барф баъди нисфирӯзии 10-уми январ шурӯъ шуд ва наздики бегоҳ барои ҳаракати нақлиёт ва одамон мушкили зиёдро ба бор оварда.

Сокинони шаҳр аз корбарии сусти коммуналӣ нигаронӣ карда, дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” аз омода набудани масъулин шикоят карданд.

“Роҳҳои марказии шаҳр соатҳои дароз пур аз барфу ях ва барои ҳаракати озоди нақлиёт хабарзо буд. Ягон мошини махсус барои тозакунии роҳҳо мушоҳида намешуд”, – гуфт як сокини шаҳри Хуҷанд, ки бо мушкил ба хонааш мерафт.

Сокинон аз он шикоят доранд, ки масъулин бо вуҷуди хабарҳои қаблан эълоншуда низ ба бориши барф ва тоза кардани он омодагӣ надида буданд. Дар натиҷа ҳаракати нақлиёт ва одамон дар кӯчаҳои шаҳр душвор гардид.

“Ҳанӯз як ҳафта пеш Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва Маркази обуҳавосанҷӣ гуфта буд, ки аз 10-уми январи соли 2023 ҳаво сард мешавад ва боридани барф дар назар аст, аммо масъулин бори дигар беаҳамиятӣ карданд”, – гуфт сокини дигари шаҳри Хуҷанд.

Дар ҳамин ҳол, аз шаҳрдории Хуҷанд дар зимни суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, ки барои бартараф кардани мушкилоти пешомада чораҳои зарурӣ андешида шуда буд.

Маъмур Юсуфзода, масъули хадамоти матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд гуфт, барои таъмини бехатарии роҳҳо дар шаҳри Хуҷанд 20 адад мошин ва 126 тонна маводи зидди лағжиш истифода шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар шаҳри Хуҷанд барои тоза кардани роҳҳо аз барф зиёда аз 60 нафар кормандони сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ сарфарбар шудаанд.

Аммо дар ин баробар, Ҷовиди Аштӣ, намояндаи рӯзномаи “Ҷумҳурият” даъво мекунад, ки “шаҳри Хуҷанд то имрӯз техникаи хокпошии зидди лағжиш надорад.

“Магар бо бел метавонанд ин амалро анҷом диҳанд? Омодагӣ ба фасли сармо канӣ?”, – мепурсад рӯзноманигор.

Самуҳаррири  рӯзномаи вилоятии “Суғд ҳақиқатӣ” Фарҳод Ҷӯраев низ аз камбудии кормандон норозӣ буда, мегӯяд, “роҳҳо пур аз садама, роҳи Хуҷанд-Ғафуров низ хеле вазнин аст. Як ҳафта боз дар хусуси бориши барф гап мезанем, масъулин бошанд, намешунаванд”.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 10-уми январ дар аксар минтақаҳои Тоҷикистон барфи зиёд борид. Мутахассисони ҳавошиносии кишвар як ҳафта қабл огоҳ карда буданд, ки барфи зиёд меборад ва сардиҳои шадид дар пеш аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.