Таътили зимистонаи хонандагон боз дароз карда шуд

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Вазорати маориф ва илм бо дарназардошти сард омадани ҳаво ва идома ёфтани он таътили зимистонаи хонандагони мактабҳо ва боғчаву кӯдакистонҳоро дар Тоҷикистон то 20-уми январ тамдид кард. Дар ин бора сомонаи расмии вазорати маориф ва илм хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, ин тасмим бо мақсади ҳифзи саломатии тарбиятгирандагону хонандагон дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Тоҷикистон гирифта шудааст.

“Машғулиятҳо дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ аз 20-уми январ оғоз мегардад. Соатҳои дарсии дар давоми таътил иҷронашуда тибқи ҷадвали алоҳидаи тасдиқгардидаи дарси иловагӣ дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2022-2023 аз ҳисоби таътили баҳорӣ ва тобистона ҷуброн карда мешавад”, – хабар медиҳад вазорат.

Ин вазорат меафзояд, ҳама ниҳодҳои масъул ва директорони муассисаҳои таълимии мақоми ҷумҳуриявидошта ва хусусӣ уҳдадоранд, ки ҷиҳати тамдиди таътили хонандагон тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Бояд гуфт, ки қаблан Вазорати маориф ва илм таътили зимистонаи мактаббачагонро то 16-уми январ тамдид карда ва сабаби онро сардии ҳаво ва ҳифзи саломатии хонандагон шарҳ дода буд.

Ҳамчунин, боғчаву кӯдакистонҳо ҳам то 16-уми яннвар таътил мекарданд.

Ёдовар мешавем, ки ба иттилои агентии обуҳавошиносӣ сардиҳои зимистонаи имсола то 25-уми январ идома меёбад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...