Таътили хонандагон то 16 январ тамдид шуд. Сабаб, ҳавои сард ва ҳифзи саломатии онҳо

Возири маориф ва илми кишвар бо як фармоиши худ таътили зимистонаи мактаббачагонро то 16-уми январ тамдид кард ва сабаби онро сардии ҳаво ва ҳифзи саломатии мактабхонҳо шарҳ дод. Қаблан, аз вазорати маориф гуфта буданд, ки дар ҳамаи мактабҳои кишвар то 31 декабр чоряки дуюм ҷамъбаст гардида, аз 1 то 10-уми январи соли 2023 хонандагони мактабҳои […]

Asia-Plus

Возири маориф ва илми кишвар бо як фармоиши худ таътили зимистонаи мактаббачагонро то 16-уми январ тамдид кард ва сабаби онро сардии ҳаво ва ҳифзи саломатии мактабхонҳо шарҳ дод.

Қаблан, аз вазорати маориф гуфта буданд, ки дар ҳамаи мактабҳои кишвар то 31 декабр чоряки дуюм ҷамъбаст гардида, аз 1 то 10-уми январи соли 2023 хонандагони мактабҳои Тоҷикистон ба таътили даҳрӯзаи зимистона мераванд.

Тибқи иттилои Эҳсони Хушбахт, сухангӯи вазорати маориф ва илми кишвар, ки имрӯз, 10-уми январ, дар ихтиёри "Азия-Плюс" гузошт, бо назардошти сард омадани ҳаво ва бо мақсади ҳифзи саломатии тарбиятгирандагону хонандагон дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми январи соли 2023 дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии кишвар новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ таътили зимистонаи хонандагон то 16 январи соли 2023 тамдид карда шуд.

“Машғулиятҳо дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ аз 16-уми январ оғоз гардида, соатҳои дарсии дар давоми таътил иҷронашуда тибқи ҷадвали алоҳидаи тасдиқгардидаи дарси иловагӣ дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2022-2023 аз ҳисоби таътили баҳорӣ ва тобистона ҷуброн карда мешавад”, – гуфт Эҳсони Хушбахт.

Ҳамзамон, дар асоси фармоиши вазири маориф сардорони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, директорони муассисаҳои таълимии мақоми ҷумҳуриявидошта ва хусусӣ уҳдадор гардидаанд, ки ҷиҳати ба таътил баромадани хонандагон тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Гуфтан ба маврид аст, ки тибқи пешгӯии мутахассисони ҳавосанҷии кишвар, шурӯъ аз имрӯз, 10-уми январ, дар Тоҷикистон ҳарорат рӯзона то 2 -7 ва шабона баъзан то 12 -17 дараҷа хунук мешавад. Дар ин рӯзҳо дар саросари ҷумҳурӣ борон ва барфи тар меборад.

Ин гуна ҳавои сард, на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми минтақаро фаро мегирад ва дар робита ба ин, баъзе аз ҳамсоякишварҳо таътили зимистонаи мактаббачагонро тамдид намуданд.

Аз ҷумла, чанде пеш мақомоти Ӯзбекистон тасмим гирифтанд, ки бинобар сабаби сармо таътили зимистонаи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро тамдид кунанд.Дар ин кишвар дарсҳо аз 18-уми январ оғоз мегардад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.