Амрико аз Бузургмеҳр Ёров ва 15 каси дигар ҳимоят кард

centralasian.org

Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико ба пуштибонӣ аз зиндониёни сиёсӣ дар гӯшаҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, маъракаи "WithoutJustCause"-ро оғоз кард.

Вазорат рӯзи 11-уми январ дар сомонааш номи 16 нафареро навишт, ки дар Сурияву Беларус, Мисру Эрон, Чин, Русия, Тоҷикистон ва кишварҳои дигар бо ангезаҳои сиёсӣ ва ба муддатҳои дароз зиндонӣ ҳастанд.

Саргузашти ин афрод баёнгари тақдири ҳазорон нафаре дар дунё гуфта шудааст, ки ноодилона дастгиру зиндонӣ шудаанд. Номи вакили зиндонии тоҷик Бузургмеҳр Ёров дар ин қатор ҳаст.

Бузургмеҳр Ёров соли 2015 дастгир ва ба иттиҳоми қаллобӣ, сохтакорӣ ва таҳқири намояндаи ҳокимият ба 28 сол зиндон маҳкум шуд. Худаш мегӯяд, гуноҳ надорад. Як кумитаи Созмони Милал муҳокимаи ӯро ноодилона хонд ва аз ҳукумат хост, Бузургмеҳр Ёровро озод кунад. Мақомот пешниҳодро напазируфтанд.

“Мо дар инҷо саргузашти онҳоеро мегузорем, ки барои истифодаи ҳуқуқи худ зиндонӣ шудаанд. Инҳо кӯшиши афзояндаи ҳукуматҳои худкомаро барои хомӯш кардани дигарандешӣ ва зери фишор гузоштани озодиҳои бунёдӣ бармало мекунанд” – омадааст дар сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Амрико.

Дар идома гуфта шудааст, ки “теъдоди зиёди маҳбусони сиёсӣ дар саросари ҷаҳон зери шиканҷа ва шароити ғайриинсониву шаклҳои дигари бадрафторӣ ҳастанд. Пайвандонашон орзу доранд, ки онҳоро ҳарчи зуд дар озодӣ ва дар ҳалқаи хонавода бибинанд. Мо наметавонем иҷоза бидиҳем, ки ин вазъ идома ёбад”.

Намояндагони ҳукумат дар Тоҷикистон будани зиндониҳои сиёсиро дар кишвар рад мекунанд. Созмонҳои байналмилалӣ, кишварҳои ғарбӣ ва мухолифони тоҷик сиёсатмадорону вакилони мудофеъ ва хабарнигорони зиндониро маҳбусони сиёсӣ ном мебаранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...