Игор Черевченко мураббии бошгоҳи “Истиқлол”-и Душанбе мешавад

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Имрӯз, 16-уми январ, Игор Черевченко – мураббии маъруфи рус бо бошгоҳи “Истиқлол”-и Тоҷикистон шартномаи яксола ба имзо мерасонад. Дар ин бора дирӯз, 15-уми январ, худи Черевченко ба хабаргузории “ТАСС” иттилоъ додааст.

Ӯ гуфтааст, рӯзи душанбе аз Маскав ба Душанбе парвоз мекунад ва созишномаи яксоларо дар пойтахти Тоҷикистон ба имзо мерасонад.

“Имконоти дигар вуҷуд дошт, аммо ба Тоҷикистон бартарӣ додам”, – афзудааст ин мураббии маъруф.

Черевченко дар ин мақом Алишер Тухтаевро иваз мекунад, ки пас аз рафтани Виталий Левченко дар моҳи июли соли 2022 ба ҳайси мураббии дастаи “Истиқлол” кор мекард.

Қаблан  дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Спорт-Экспресс” Игор Черевченко гуфта буд, ки “бозӣ кардан дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё ҷолиб хоҳад буд”.

“Чемпионати ҷаҳон нишон дод, ки футбол дар Осиё пеш меравад. Дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё бозӣ кардан ҷолиб аст”, – мегуфт Черевченко.

Игор Черевченко дар Тоҷикистон, дар оилаи собиқадори футболи тоҷик, устоди варзиши СССР ва капитани дастаи “Помир”-и Душанбе Геннадий Черевченко ба дунё омада, ба воя расидааст.

Фаъолияти футболи ӯ соли 1992 дар тими “Помир” оғоз шудааст. Ӯ дар ин бошгоҳ то соли 1994 бозӣ карда, узви тими миллии Тоҷикистон буд.

Ин мураббии маъруф ҳар сол ба Душанбе омада, дар мусобиқаи хотираи падараш – Геннадий Черевченкоро миёни кӯдакон иштирок мекунад. Ба гуфтаи худаш, ӯ ҳамеша, ҳатто вақте ки мураббии дастаҳои пешбари Русия буд, футболи тоҷикро пайгирӣ мекард ва бо футболбозону мураббиёни Тоҷикистон зуд-зуд сӯҳбат анҷом медод.

Ҳоло гуфта мешавад, ки барои Игор Черевченко ворид шудан ба фазои чемпионати Тоҷикистон ва роҳбарии ҳар як тими Тоҷикистон душвор нест.

Ёдовар мешавем, ки Игор Черевченко 48 сол дорад ва дар ин авохир ба ҳайси мураббии бошгоҳи “Химки” дар Русия фаъолият мекард. Вай пеш аз ин дар бошгоҳҳои “Арсенал”-и Тула, “Балтика”-и Калининград ва “Локомотив”-и Москва кор кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...