3 рӯз бе оби нӯшокӣ. Сардии ҳаво мушкили обу корези Хуҷандро ошкор кард

Боришоти барф ва сардии ҳаво, ки аз 10-уми январ дар саросари кишвар ҳукмфармост, сокинонро ба мушкилоти зиёд гирифтор кардааст. Дар аксари манотиқи кишвар аз мушкили қатъи барқ, дараҷаи пасти низоми гармидиҳӣ ва якбандии қубарҳои обгузар шикоятҳо ба якборагӣ афзуд. Нафарони зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз омода набудани мақомоти дахлдор ба сардии ҳаво интиқод менамоянд. Дар […]

Боришоти барф ва сардии ҳаво, ки аз 10-уми январ дар саросари кишвар ҳукмфармост, сокинонро ба мушкилоти зиёд гирифтор кардааст. Дар аксари манотиқи кишвар аз мушкили қатъи барқ, дараҷаи пасти низоми гармидиҳӣ ва якбандии қубарҳои обгузар шикоятҳо ба якборагӣ афзуд. Нафарони зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз омода набудани мақомоти дахлдор ба сардии ҳаво интиқод менамоянд.

Дар шаҳри Хуҷанд даҳҳо нафар аз яхбандии қубурҳои обгузар ва корношоям гардидани низоми корези маҳаллаҳои алоҳида шикоят мекунанд.

Аз ҷумла, Мадина Почоева, сокини маҳаллаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд мегӯяд давоми се рӯзи сардии ҳаво аз набудани оби нӯшокӣ ранҷ бурдаанд ва пас аз муроҷиати пайиҳам масъулин ба мушкили ӯ расидагӣ кардаанд.

“Мо дар маҳаллаи Сирдарё, бино № 39 зиндагӣ мекунем. Се рӯз аз яхбандии об мушкилӣ кашидем. Танҳо баъди зангҳои зиёд ва дархостҳои пайиҳам маъулини “Хуҷандобуканал” омада, муаммои моро ҳал карданд”, – мегӯяд ӯ.

Ин сокини Хуҷанд мегӯяд, дар биноҳои бисёрошёна бе оби нӯшокӣ зистан бисёр душвор аст ва онҳо давоми се рӯзи беобӣ аз бинои ҳамсоя дастӣ об кашонидаанд.

Мисли Мадина даҳҳо нафаре ҳастанд, ки дар ин сардиҳо аз мушкили обу корези шаҳр шикоят мекунанд.

Масъулини шаҳри Хуҷанд мушкили обу корезро тасдиқ карда, иброз медоранд, ки барои ҳалли саривақтии он тамоми нерӯи дар ихтиёр доштаашонро сафарбар кардаанд.

Абдуҳалим Нӯъмонов, сармуҳандиси КВДК “Хуҷандобуканал” имрӯз, 16-уми январ, зимни суҳбат бо “Азия-плюс” гуфт, аз оғози сардии шадид 90 дархост барои бартарафкунии яхбандии об дар хонаҳои истиқоматӣ қабул кардаанд ва то имрӯз, 50 дархост ба таври мусбат қонеъ карда шуда, дар нуқтаҳои дигар корҳои бартарафкунӣ идома дорад.

“Барои қонеъ кардани муроҷиати сокинон ва бартараф намудани мушкилоти мавҷуда 30 нафар корманад бо техникаи дар ихтиёр дошта, сафарбар шудаанд ва шабонарӯз пайи раъфи камбудҳо ҳастанд”, – гуфт Абдуҳалим Нӯъмонов.

Ба иттилои ин масъули КВДК “Хуҷандобуканал” давоми 5-6 рӯзи сардии шадид дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд 3 садамаҳои хатти оби нушокӣ ба қайд гирифта шудааст.

Сухангӯи раиси шаҳри Хуҷанд Маъмур Юсуфзода низ мавҷудияти мушкилро тасдиқ кард ва зикр намуд, ки воқеан сардии ҳаво сабаби ях бастани обҳо гардид ва ин барои кормандон ва масъулини КВДК “Хуҷандобуканал” мушкил пеш овард.

“Новобаста ба сардии ҳаво, масъулини шаҳр шабонарӯзӣ дар пайи бартарафсозии мушкилот ҳастанд ва аз тамоми имконияти мавҷуда истифода мебаранд”, – гуфт Маъмур Юсуфзода.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 10-уми январ дар аксар минтақаҳои Тоҷикистон барфи зиёд борид. Мутахассисони ҳавошиносии кишвар як ҳафта қабл огоҳ карда буданд, ки барфи зиёд меборад ва сардиҳои шадид дар пеш аст. Мақомот қаблан иддао карда буданд, ки барои зимистонгузаронӣ омодаанд, аммо сардиҳои ахир собит кард, ки дар асл мақомоти марбутаи кишвар дучори мушкилу камбуди зиёд гардида, барои таъмини гармиву оби нӯшокӣ дар сардӣ пурра омода набудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.