“10” ба ҷои “01”. Дар Душанбе ба рақами мошинҳо силсилаи нав ворид шуд

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Акнун сокинони шаҳри Душанбе рақами қайди давлатии мошинҳоро метавонанд ба ҷои силсилаи “01” бо силсилаи “10” дастрас кунанд. Дар ин бора аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА)-и ВКД хабар доданд.

Як корманди масъули ин ниҳод дар суҳбат бо “Азия-Плюс” бо тасдиқи ин иттилоъ гуфт, “аз сабаби он ки ҳарфҳои аломати қайди давлатии силсилаи “01”, ба охир расид, тасмим гирифта шуд, ки силсилаи аломати қайди давлатии мошинҳо нав – “10” карда шавад”.

Ӯ гуфт, ин тасмим ҳоло танҳо дар шаҳри Душанбе роҳандозӣ шудааст ва дар минтақаҳо додани рақами қайди мошинҳо бо силсилаи “02”, “03” ва ё “04” идома дорад.

“Ҳоло “комбинатсия”-и ҳарфҳо дар аломати қайди давлатии силсилаи “02”, “03”, “04” ва “05” мавҷуд аст ва ҳоҷат ба иваз кардани силсилаи ин аломатҳо нест. Аз ин рӯ, ин тасмим танҳо дар шаҳри Душанбе гирифта шудааст”, – гуфт манбаъи мо.

Вале корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд, силсилаи аломати қайди давлатии мошинҳо дар минтақаҳо ҳам иваз шудааст. Ин то куҷо дуруст аст, маълум нест.

Ҳамсуҳбати мо аз БДА гуфт, рақами қайди мошинҳо, ки пештар бо силсилаи “01” дода шудааст, иваз карда намешавад ва танҳо онҳое, ки мехоҳанд рақами нав гиранд, бо силсилаи нав метавонанд рақамро дастрас кунанд.

“Ин тасмим шурӯъ аз соли 2023 рӯйи даст гирифта шуд. Дар робита ба ин масъала квота ҷудо шудааст ва аҳолӣ метавонанд дар доираи он рақамҳоро бо чунин силасилаҳои нав харидорӣ кунанд””,- гуфт манбаъи мо.

Имрӯзҳо, дар кӯчаҳои Душанбе мошинҳоеро бо аломатҳои қайди давлатии силсилаи “10” вохӯрдан мумкин аст. Истифодаи чунин рақамҳо миёни ҷомеаи ҳадсу гумонҳоеро ба бор овардааст ва аҳолӣ бар ин назаранд, ки он ба хотири фурӯши рақамҳои қайди давлатии гаронарзиш, аз ҷумла “тиллоӣ” ва “нуқрагӣ”, ки аксаран тавассути музояда аз ҷониби БДА ба фурӯш гузошта мешавад, роҳандозӣ шудааст.

Чунин иддаоро аз БДА дар суҳбат бо “Азия-Плюс” рад карданд ва гуфтанд, ин як тасмими маъмулӣ аст, ки дар пайи ба анҷом расидани ҳарфҳо ё “комбинатсия”-и ҳарфу рақамҳо танҳо дар пойтахт роҳандозӣ карда шуд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...