Дар пайи сардиҳо. Афзоиши сӯхтор ва фавти як нафар дар Суғд

Фарзона Муродӣ, махсус барои Asia-Plus

Бар асари сӯхтори манзили истиқоматӣ дар шаҳри Хуҷанд як мӯйсафеди 70-сола фавтидааст. Ин аввалин ҳодисаи фавти як нафар дар пайи сӯхтор давоми соли ҷорӣ, дар вилояти Суғд мебошад. Шахсият ва ҷузъиёти шахси фавтида маълум нест. Дар ин бора аз Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар вилояти Суғд ба “Азия-плюс” хабар доданд.

Қаҳрамон Қодирзода, сардори шӯъбаи назорати давлатии бехатари аз сӯхтори РХДО дар вилояти Суғд имрӯз, 18-уми январ, гуфт, ки сӯхтор дар шаҳри Хуҷанд, рӯзи шанбе, 14-уми январ, дар манзили истиқоматӣ ба амал омада, дар пайи он як мӯйсафеди 70-сола фавтидааст. Ҳоло таҳқиқи ҳодиса ҷараён дорад.

Ин масъули идораи сӯхторхомӯшкунӣ дар вилояти Суғд таъкид мекунад, ки дар пайи сард шудани ҳаво ҳодисаи сар задани сӯхтор дар вилоят афзоиш ёфтааст.

“Танҳо давоми як ҳафтаи ҳавои сард 19 ҳодисаҳои сӯхтор ба қайд гирифта шуд, ки аксарияти он дар манзили истиқоматии сокинон рух додааст. Ин дар ҳоле, ки то санаи 10-уми январ ҳамагӣ 10 ҳодисаи сӯхтор қайд шуда буд”, – гуфт Қаҳрамон Қодирзода.

Ӯ мегӯяд, ки аз оғози сол дар ҳудуди вилоят дар умум, 35 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст ва ин дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузаштаи гузашта 13 ҳолат зиёд мебошад.

Ба гуфтаи номбурда, бештари ҳодисаҳои сӯхтор дар хонаҳои истиқоматӣ сар задаанд, ки сабаби асосӣ нодуруст истифода бурдани воситаҳои гармидиҳандаи барқӣ ва таҷҳизоти худсохти барқӣ мебошад.

“Аз 35 ҳодисаи сӯхтор 26 адади он дар хонаи истиқоматӣ рух дода, 5 адад дар нақлиёт ва 4 адади дигар дар иншооти гуногун ба қайд гирифта шудааст”, – гуфт Қаҳрамон Қодирзода.

Ӯ гуфт, ки зарари умумӣ аз сӯхтор дар ин давра беш аз 300 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Дар робита ба сардии ҳаво идораи сӯхторхомӯшкунии вилоят аз сокинон хоҳиш мекунад, ки ҳангоми истифодаи воситаҳои гармидиҳанда эҳтиёткор бошанд ва аз истифодаи таҷҳизоти худсохт даст кашанд.

Ёдовар бояд шуд, ки аз 10-уми январ дар Тоҷикистон ҳавои сард ҳукмрон аст ва мушкили барқу гармӣ ва обӣ нӯшокӣ муаммои иловагӣ барои сокинон гардидааст. Дар шаҳрҳои кишвар, мушкили низоми гармитаъминкунӣ пеш омадааст, сокинон барои гарм кардани хонаҳои худ аз таҷҳизоти барқӣ истифода мекунанд ва ин боиси афзоиши ҳодисаи сӯхтор гардидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...