Маҳдудияти Федератсияи байналмилалии ҷудо барои Ҷаҳонгир Маҷидов бардошта шуд

Маҳдудияти иштирок ва касби холҳо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ барои Ҷаҳонгир Маҷидов, яке аз ҷудокорони шинохтаи тоҷик, ки се моҳ пештар аз ҷониби Федератсияи байналмилалии ҷудо гузошта шуда буд, бардошта шуд. Қазияи Муллораҷаб Халифаев дар ҳоли баррасӣ аст. Дар ин бора Федератсяи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад. Манбаъ мегӯяд, ин тасмим дар натиҷаи гуфтушуниди Исмоил Маҳмадзоир, президенти […]

Маҳдудияти иштирок ва касби холҳо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ барои Ҷаҳонгир Маҷидов, яке аз ҷудокорони шинохтаи тоҷик, ки се моҳ пештар аз ҷониби Федератсияи байналмилалии ҷудо гузошта шуда буд, бардошта шуд. Қазияи Муллораҷаб Халифаев дар ҳоли баррасӣ аст. Дар ин бора Федератсяи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Манбаъ мегӯяд, ин тасмим дар натиҷаи гуфтушуниди Исмоил Маҳмадзоир, президенти Федератсия ҷудои Тоҷикистон бо шахсони маъсули Федератсияи байналмилалии ҷудо, ки чанд рӯз дар Тоҷикистон қарор дошгтанд, гирифта шуд.

Ҳамчунин, дар мулоқот дигар масъалаҳои мубрами рушди ҷудо дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Ин ниҳод гуфтааст, маҳдудияте, ки барои Муллораҷаб Халифаев аз сӯи Федератсияи байналмилалии ҷудо гузошта шудааст, ҳоло бартараф нашудааст ва он мавриди баррасӣ қарор дорад.

Моҳи ноябри соли 2022 Федератсияи байналмилалии ҷудо Муллораҷаб Халифаев ва Ҷаҳонгир Маҷидовро барои қайди душаҳрвандӣ дар низоми Федератсияи байналмилалии ҷудо муҷозот ва тамоми холҳои бадастовардаи онҳоро бекор карда буд.

“Муллораҷаб Халифаев, ки як муддат аз номи Русия баромад мекард, дар система Федератсияи байналмилалии ҷудо худро аз номи ин кишвар сабт кардааст. Баъдан аз номи Тоҷикистон баромад кард ва баъди нигаронии Русия ин федератсия ӯро муҷозот намуд. Ҷаҳонгир Маҷидов, ки чанд вақт аз номи Озорбойҷон баромад мекард, дар система аз номи ин кишвар қайд шудааст. Вале баъдан аз номи Тоҷикистон баромад кард ва ҳамин тариқ, дар система номаълум монд”, – афзуда буданд аз Федератсияи ҷудои Тоҷикистон.

Манбаъи мо гуфта буд,  ки инҷо танҳо хатои техникӣ дар системаи қайди Федератсияи байналмилалии ҷудо аст ва онҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ин масъаларо дар наздиктарин фурсат ҳал кунанд.

Бояд гуфт, ки чанде пештар Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ба Муллораҷаб Халифаев барои сазовор гардидан ба ҷои дуюм ва гирифтани медали нуқраи Тоскулоҳи бузурги “Baku Grand Slam 2022” 100 ҳазор сомонӣ тақдим карда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.