Рустами Эмомалӣ ба Темур Раҳимов хона ва ба Муллораҷаб Халифаев 100 ҳазор сомонӣ дод

Бо қарори Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ба Темур Раҳимов барои гирифтани ҷои якум ва ба даст овардани медали тилло дар мусобиқаи Тоскулоҳи бузурги Боку 2022 «Baku Grand Slam 2022» хонаи 2 ҳуҷрагӣ дар пойтахт бо тамоми шароити рӯзгор тақдим карда шуд. Тавре ки дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт хабар медиҳад, ҳамчунин ба Муллораҷаб Халифаев, намояндаи дигари […]

Asia-Plus

Бо қарори Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ба Темур Раҳимов барои гирифтани ҷои якум ва ба даст овардани медали тилло дар мусобиқаи Тоскулоҳи бузурги Боку 2022 «Baku Grand Slam 2022» хонаи 2 ҳуҷрагӣ дар пойтахт бо тамоми шароити рӯзгор тақдим карда шуд.

Тавре ки дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт хабар медиҳад, ҳамчунин ба Муллораҷаб Халифаев, намояндаи дигари Тоҷикистон барои сазовор гардидан ба ҷои дуюм ва гирифтани медали нуқраи ҳамин мусобиқа 100 ҳазор сомонӣ тақдим карда шуд.

Гуфта мешавад, ҳар ду варзишгар узви  яккачини дастаи мунтахаби Тоҷикистон буда, Темур Раҳимов дастпарвари Муассисаи давлатии “Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин” ва Муллораҷаб Халифаев дастпарвари “Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №6 оид ба намудҳои гӯштин”-и шаҳри Душанбе мебошанд.

Қобили зикр аст, ки ин аввалин медали тиллои ҷудочиёни кишвар дар мусобиқоти Grand Slam мебошад.

Ёдрас мекунем, ки дар мусобиқаи бонуфузи байналмилалии ҷудо – “Baku Grand Slam 2022” (4-6 ноябр) варзишгарони тоҷик Темур Раҳимов дар вазни +100кг медали тилло ва Мулораҷаб Халифаев дар вазни -66кг медали нуқра ба даст оварданд.

Дар ҳисоби умумии даставӣ Тоҷикистон бо 1 медали тилло ва 1 нуқра миёни 61 давлати иштирокчӣ ҷои 6-умро ишғол намуд. Дар ҳисоби даставӣ миёни мардҳо бошад, пас аз Озарбойҷон дар ҷои дуюм мавқеъ гирифт.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.