Мушкили автобусҳои Хуҷанд кай ҳал мешавад?

Фарзона Муродӣ, махсус барои Asia-Plus

Фирдавс Шарифзода, раиси шаҳри Хуҷанд имрӯз, 30-юми январ, дар нишасти хабарӣ мушкили асосии автобусҳои шаҳрро шарҳ дод. Ба гуфтаи шаҳрдор, айни замон 80%-и автобусҳо дар ҳолати корӣ қарор дошта, аммо бо сабаби гаронии нархи сӯзишворӣ наметавонанд хароҷоти худро рӯйпӯш кунанд.

Ба гуфти Шарифзода, барои талаботи шаҳрвандонро қонеъ кардан бояд дар муддати муайян автобусҳо то истгоҳ ҳозир шаванд, чун қаблан дер омадани онҳо боиси норозигии сокинон гардида буд.

“Барои ин ҳоло хатти ҳаракати автобусҳо муайян карда мешавад, инчунин дар назар аст, 50 адад электробусҳо низ харидорӣ гардад, то эҳтиёҷоти мардум бароварда шавад”, – афзуд шаҳрдори Хуҷанд.

Бояд гуфт, дар нишасти матбуотии қаблӣ ҳам мушкили автобусҳо матраҳ шуда буд. Он вақт шаҳрдор гуфта буд, ки 30-35 адад афтобусҳое, ки дар хатти мусофиркашонӣ ҳастанд, бениҳоят кам аст. Дар ҳудуди шаҳр бояд 70-80 автобус ба кор барояд.

Масъулини идораи нақлиёти мусофиркашонии шаҳри Хуҷанд дар посух ба саволи журналистон гуфта буданд, ки яке аз сабабҳои асосии кам ба кор баромадани автобусҳо таътили тобистонаи хонандагон аст. Аммо имрӯз таътил набошад ҳам, ангуштшумор будани автобусҳо дар шаҳр баръало мушоҳида мегардад.

Гуфтан ба маврид аст, ки то вуруди  автобусҳо ба  шаҳри Хуҷанд, яъне то соли 2018, шикоятҳо аз риоя нашудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҳангоми мусофиргирӣ, зиёд гирифтани мусофирон, тамбашавии микроавтобусҳо дар кӯчаҳои марказии шаҳр, ҷалби ноболиғон ба микроавобусҳо барои пулчинӣ, бо либосҳои хонагӣ идора намудани микроавтобус ва ғайраҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ зиёд мечархид.

Ёдовар мешавем, ки масъулини ҳукумати вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд бо назардошти шикоятҳои болоӣ ҳаракати автобусҳоро дар шаҳр зарур дониста, ба шаҳри Хуҷанд 100 адад автобусро харидорӣ карданд, аммо мушоҳида мешавад, ки ин ҳам ҳоло мушкили нақлиёти шаҳрро ба пуррагӣ ҳал накардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...