Дар Панҷакент муҷассамаи Рӯдакиро гузошта, оромгоҳашро таъмир мекунанд

Хуршед Фозилов, махсус барои "Asia-Plus"

Дар Панҷакент тасмим гирифтаанд, ки муҷассаи Абуабдуллоҳ Рӯдакиро гузоранд ва зиёратгоҳи шоирро таъмир кунанд. Дар ин хусус Абдухолиқ Холиқзод, раиси шаҳри Панҷакент, дирӯз, 30-юми январ, зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

“Дар Душанбею Самарқанд ва чанд шаҳру ноҳияҳо муҷассамаи шоир ҳаст, аммо дар мо (Панҷакент. -муаллиф) нест. Мо тасмим гирифтем муҷассамаи Одамушшуаро Рӯдакиро дар Панҷрӯд гузорем ва зиёратгоҳи устодро таъмири замонавӣ кунем”, – гуфт Абдухолиқ Холиқзод.

Ба андешаи раиси шаҳри Панҷакент ҳоло зиёратгоҳи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ ба таъмир ниёз дорад, аз ин лиҳоз, онҳо тасмим гирифтаанд, ки онро бо тарҳи зебо тармим намуда, муҷассамаи шоирро низ дар он ҷой гузоранд. Нақшаи таъмир низ омода шудааст.

Ҳамзамон, дар ин нишаст таъкид гардид, ки роҳи Рукнобод – Кӯли калон, ки зиёратгоҳи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар шафати он ҷойгир аст, низ таъмир карда мешавад.

Гуфтан ба маврид аст, ки оромгоҳи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ яке аз зиёратгоҳҳои асосии алоқамандони аҳли адаб буда, ҳамасола садҳо нафар меҳмонони дохилию хориҷӣ ба зиёрати он мераванд.

Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс буда, соли 858 таваллуд шудааст ва соли 941 вафот кардааст. Таърихи ҳазору сад солаи адабиёти тоҷик бо номи Рӯдакӣ сахт вобаста аст ва муосиронаш ва суханварони баъдина ӯро бо унвонҳои ифтихории Одамушуаро, Қофиласорои назми форсӣ, Соҳибқирони шоирон, Султони шоирон, Мақаддумушуаро ва ҳамсони инҳо ёд мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...