Дар соли 2022 ба Тоҷикистон ҳаҷми рекордии маводи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ ворид шуд

Соли гузашта ба Тоҷикистон ҳудуди 853 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ва 397 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шуд, хабар медиҳад Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ. Зиёда аз 88%-и маҳсулоти нафтии воридшуда ба гази моеъ, бензин ва сӯзишвории дизелӣ (солярка) рост меояд. Аз ҷумла дар ҳаҷми зерин маҳсулоти нафтӣ оварда шудааст: – 387 ҳазор […]

Соли гузашта ба Тоҷикистон ҳудуди 853 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ва 397 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шуд, хабар медиҳад Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ.

Зиёда аз 88%-и маҳсулоти нафтии воридшуда ба гази моеъ, бензин ва сӯзишвории дизелӣ (солярка) рост меояд.

Аз ҷумла дар ҳаҷми зерин маҳсулоти нафтӣ оварда шудааст:

– 387 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ;

– 320 ҳазор тонна бензин;

– 60 ҳазор тонна сӯзишвории реактивӣ;

– 40,6 ҳазор тонна кокси нафтӣ;

– 30 ҳазор тонна битум ва мазут;

– 1,2 ҳазор тонна дигар маҳсулоти нафтӣ.

Дар муқоиса бо соли 2021 воридоти маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ дар соли 2022 ба андозаи 14% ё худ 154 ҳазор тонна зиёд шудааст.

Қаблан Вазорати энергетикаи ҷумҳурӣ хабар дода буд, ки воридоти маҳсулоти нафтии Русия тариқи имтиёз зиёд шуд.

Ёдрас мекунем, ки аз соли 2013 Тоҷикистон маводи сӯзишвориро аз Русия бар асоси имтиёз (бидуни пардохти боҷи содиротии гумрукӣ) мегирад. Мақомоти салоҳиятноки ду кишвар то 1 октябр ҳаҷми истифодаи дохилиро дар Тоҷикистон барои соли оянда мувофиқа карда, тавозунҳои индикативӣ ба имзо мерасонанд.

Ҳаҷми мувофиқашуда барои соли 2022 мисли солҳои пешин 830 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Ҳудуди 90%-и маҳсулоти нафтиро Тоҷикистон аз Русия ва беш аз 90%-и гази моеъро аз Қазоқистон ворид мекунад.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, соли 2022 дар Тоҷикистон аз ҳисоби коркади нафти худӣ ҳамагӣ 510 тонна бензин, 4 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, 5,1 ҳазор тонна мазут, 3,2 ҳазор тонна битум истеҳсол шудааст. Соли гузашта дар ҷумҳурӣ ҳудуди 25 ҳазор тонна нафт истихроҷ шудааст.

Дар Тоҷикистон ду корхонаи начандон бузурги коркарди нафт бо иқтидори умумии коркарди 150 ҳазор тонна дар як сол амал мекунад, ки ба ширкати “Ҳасан ва Ко” тааллуқ доранд.

Дар кишвар корхонаи бузурги коркарди нафт низ ҳаст: ширкати Dong Ying heli Investment and Development ҳанӯз чанд сол пеш сохтмони корхонаро дар минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” ба итмом расонид, ки иқтидораш 1,2 млн тонна дар як солро ташкил медиҳад. Аммо бинобар сабаби мавҷуд набудани нафти хом, корхона то ҳол амал намекунад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.