spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Русия ба Тоҷикистон тариқи имтиёз зиёд мешавад

Мақомоти марбутаи соҳаи энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ба тавозуни индикативии таҳвили маҳсулоти нафтӣ дар соли 2023 тағйирот ворид намуда, ҳаҷми он зиёд мешавад, хабар медиҳад Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон.

Санад аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Шарифаи Худобахш ва муовини аввали вазири энергетикаи Русия Павел Сорокин дар Маскав ба имзо расид.

“Мувофиқи ин санад, ҳаҷми умумии тавзуни индикативӣ, аз ҷумла ҳаҷми интиқоли бензин ва сӯзишвории дизелӣ ба бозори Тоҷикистон дар муқоиса бо соли ҷорӣ зиёд мешавад”, – гуфта мешавад дар хабари Вазорати энергетика.

Дар хабар доир ба чӣ миқдор зиёд шудани воридоти маҳсулоти нафтӣ тариқи имтиёз аз Русия дар соли оянда саҳеҳ маълумот дода намешавад.

Ёдрас мекунем, ки аз соли 2013 Тоҷикистон маводи сӯзишвориро аз Русия бар асоси имтиёз (бидуни пардохти боҷи содиротии гумрукӣ) мегирад. Мақомоти салоҳиятноки ду кишвар то 1 октябр ҳаҷми истифодаи дохилиро дар Тоҷикистон барои соли оянда мувофиқа карда, тавозунҳои индикативӣ ба имзо мерасонанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Арзоншавии гази моеъ ва бензин дар Тоҷикистон идома дорад

Ҳаҷми мувофиқашуда барои соли 2022 мисли пешин 830 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, Тоҷикистон аз Русия тариқи имтиёз 260 ҳазор тонна бензин, 310 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, 40 ҳазор тонна сӯзишвории авиатсионӣ, 30 ҳазор тонна мазут, 40 ҳазор тонна битум, 100 ҳазор тонна кокси нафтӣ ва 50 ҳазор тонна гази моеъ гирифта метавонад.

Тибқи маълумоти Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, ҳудуди 90%-и маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон аз Русия оварда мешавад.

Ширкати асосии воридкунандаи маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон ҶСК “Газпромнефт-Тоҷикистон” мебошад, ки ҳудуди нисфи ҳаҷми умумии воридоти сӯзишворӣ ба ин ширкат рост меояд.

Тибқи маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар семоҳаи аввали соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи 486 млн доллар ҳудуди 560 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст. Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2021 ин нишондиҳанда аз рӯи вазн 24% ва аз лиҳози арзиш – 70% зиёд аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...