Содироти дубораи автомобилҳо аз Гурҷистон ба Тоҷикистон ба таври назаррас афзуд

Содироти дубора ё худ такрорӣ (реэкспорт)-и автомобилҳо аз Гурҷистон ба Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-сентябри соли 2022 дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта (5,4 млн доллар) ба андозаи 61,1% – то 8,7 млн доллар зиёд шуд. Дар ин бора “Вестник Кавказа” бо истинод ба Раёсати миллии омори Гурҷистон хабар медиҳад. Ба иттилои Раёёсат, дар ин […]

Содироти дубора ё худ такрорӣ (реэкспорт)-и автомобилҳо аз Гурҷистон ба Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-сентябри соли 2022 дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта (5,4 млн доллар) ба андозаи 61,1% – то 8,7 млн доллар зиёд шуд. Дар ин бора “Вестник Кавказа” бо истинод ба Раёсати миллии омори Гурҷистон хабар медиҳад.

Ба иттилои Раёёсат, дар ин давра аз Гурҷистон ба Тоҷикистон 1 ҳазору 470 автомобил интиқол дода шудааст, ки қариб ду баробар бештар аз нишондиҳандаи моҳҳои январ-сентябри соли гузашта (760 автомобил) мебошад.

Байни дигар кишварҳое, ки ба онҳо аз Гурҷистон воситаҳои нақлиёт дубора содирот мешаванд, Озарбойҷон, Украина, Молдова, Арманистон, Белгия ва ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ номбар шудаанд.

Дар байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аз лиҳози содироти дубораи автомобилҳо аз Гурҷистон Қазоқистон пешсаф аст, ки хариди ин гуна автомашинаҳоро ба миқдори 215% зиёд кардааст.

Автомобилҳо аз ИМА, Аврупо ва Ҷопон ба бозори мошинҳои шаҳри Руставии Гурҷистон ҷамъ оварда шуда, аз ин ҷо ба бозорҳои минтақа бурда мешаванд.

“Нишондиҳандаи содироти дубора ба кишварҳои Осиёи Миёна хеле хубанд. Қазоқистон пешсаф аст. Агар бо соли пешин муқоиса кунем, нишондиҳандаи содироти такрорӣ панҷ баробар афзуд. Агар пештар ба Осиёи Миёна ба сурати умум дар як моҳ 200 автомашина интиқол медодем, пас ҳозир ин нишондиҳанда ҳудуди 1500 автомобилро ташкил медиҳад”, – хабар медиҳад 24.kz бо истинод ба гуфтаҳои директори маркетинг ва рекламаи бозори мошинҳо Стелла Камандарова.

Тавре ки Eurasianet менависад, ҳар сол даҳҳо ҳазор автомашинаҳои амрикоии аз эътибор соқитшуда, ба ин ё он гуна осебдида ба Гурҷистон фиристода мешаванд. Дар ин ҷо устои мошинҳо онҳоро таъмиру дубора васлу насб мекунанд, электроникаи онҳоро аз нав мегузоранд ва ранг мекунанд. Инчунин нишондиҳандаи таҷҳизоти сабти масофаи тайкардаи мошин ё худ одометрро кам карда метавонанд.

"Амрикоиҳо ба осонӣ аз мошинҳои худ даст мекашанд,- мегӯяд Реваз Николаишвили, як фурӯшандаи мошин дар Тифлис, ки бештар мошинҳои ҳарҷогарди “Тойота” ва “Субару” мефурӯшад. – Мо мошинҳои аз эътибор соқитшударо таъмир ва умри онҳоро чанд даҳсола дароз мекунем”.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.