Нарзулло Дӯстов, собиқ ноиби президенти Тоҷикистон дар Тошканд вафот кардааст

Нарзулло Дӯстов, яке аз чеҳраҳои намоён ва пуртазоди сиёсати Тоҷикистон дар солҳои 90-ум, ки пас аз ҷонибдорӣ аз Маҳмуд Худойбердиев, полковники ошӯбгар дар соли 1998 ба давлати Ӯзбекистон фирор карда буд, пас аз бемории тӯлонӣ, дар синни 82-солагӣ вафот кардааст. Дар ин бора Мирҳусайн Назриев, раиси пешини Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, дар саҳифаи фейсбуки худ иттилоъ […]

Нарзулло Дӯстов, яке аз чеҳраҳои намоён ва пуртазоди сиёсати Тоҷикистон дар солҳои 90-ум, ки пас аз ҷонибдорӣ аз Маҳмуд Худойбердиев, полковники ошӯбгар дар соли 1998 ба давлати Ӯзбекистон фирор карда буд, пас аз бемории тӯлонӣ, дар синни 82-солагӣ вафот кардааст. Дар ин бора Мирҳусайн Назриев, раиси пешини Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, дар саҳифаи фейсбуки худ иттилоъ дода, навишааст, ки Нарзулло Дӯстов яке аз асосгузорони ин ҳузб буд.

Гуфта мешавад, ки Нарзулло Дӯстов чанд муддати охир аз бемории саратон ранҷ мебурд ва ҳанӯз аввали моҳи ноябр вафот кардаву дар яке аз қабристонҳои шаҳри Тошканд ба хок супорида шудааст.

Нарзулло Дӯстов яке аз чеҳраҳои шинохта дар майдони сиёсати солҳои 90-уми Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ӯ аз даъвогари курсии президентӣ Раҳмон Набиев ҷонибдорӣ мекард ва моҳи декабри соли 1991 ноиби президенти Тоҷикистон таъин шуд, аммо пас аз фишори нерӯҳои оппозитсия дар моҳи майи соли 1991 ба истеъфо рафт.

Дар Тоҷикистон ӯро барои ҷонибдорӣ аз полковники ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиев айбдор мекунанд, ки соли 1998 ба вилояти Суғд ҳуҷум карда, муддати чанд рӯз бедодгариҳои зиёд намуд ва пас аз нокомӣ ба давлати ҳамсояи Ӯзбекистон фирор кард.

Пас аз соли 1998 ҳарчанд дар хусуси Маҳмуд Худойбердиев гоҳ-гоҳе хабарҳо длар расона нашр мешуданд, аммо Нарзулло Дӯстов фаромӯш шуда буд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.