Мутахассис аз Беларус – сармураббии нави мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон

Мутахассис аз Беларус Олег Кубарев мунтахаби футболи ҷавононро ба раҳбарӣ гирифт. Ин маълумотро худи мутахассис тасдиқ кард. Барои football.by Кубарев маълумот дар бораи таъиноти худро чунин шарҳ додааст: “Ин чӣ гуна имконпазир шуд? Шиносҳои умумие пайдо шуданд, ки тавсия доданд. Гуфтушунидҳо тақрибан як моҳ пеш оғоз шуданд. Ҷолиб аст. Ҳеҷ гоҳ бо чунин кор дучор […]

Мутахассис аз Беларус Олег Кубарев мунтахаби футболи ҷавононро ба раҳбарӣ гирифт. Ин маълумотро худи мутахассис тасдиқ кард.

Барои football.by Кубарев маълумот дар бораи таъиноти худро чунин шарҳ додааст:

“Ин чӣ гуна имконпазир шуд? Шиносҳои умумие пайдо шуданд, ки тавсия доданд. Гуфтушунидҳо тақрибан як моҳ пеш оғоз шуданд. Ҷолиб аст. Ҳеҷ гоҳ бо чунин кор дучор нашудаам. Дастаро ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё байни ҷавонон омода мекунам (мусобиқа аз 1 то 18 марти соли 2023 дар Ӯзбекистон баргузор мешавад). Шартнома барои давраи омодагӣ ва иштирок пешбинӣ шудааст. Ба ҳайати мураббиён мутахассисони маҳаллӣ ва писарам Сергей ҳамчун таҳлилгар шомиланд. Ҳамаи давраи пеш аз мусобиқа бо даста хоҳам буд. Ният дорам, ки на дертар аз 10 декабр ба Тоҷикистон равам. Ҳоло тими мунтахабро меомӯзам, нақшаҳо тарҳрезӣ мекунам. Бозингарони даста хубанд”.

Ёдрас мекунем, ки Олег Кубарев пас аз тарки дастаи футболи "Крумкачы»  зимистони соли гузашта,  ба ҳайси мутасаддӣ дар лоиҳа барои кӯдакону наврасон – "ДНК Нация" машғули кор буд.

Қаблан Олег Кубарев дар хориҷи кишвар фаъолият намуда, ба тимҳои “Спартак” (Юрмала), “Рига” ва “Елгава”-и Латвия, инчунин “Зимбру” ва “Дачия”-и Молдова роҳбарӣ кардааст.

Аммо дар Федератсияи футболи Тоҷикистон то ҳол дар ин бора маълумот надодаанд. Дар Федератсия далели аз кор рафтани сармурабии мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон Аҳлиддин Турдиевро тасдиқ накарданд. Як манбаъ дар ин робита изҳор намуд, ки Турдиев комилан аз кор нарафта, ба ситоди сармураббии нав шомил хоҳад шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.