Дар Панҷакент муҷассамаи Рӯдакиро гузошта, оромгоҳашро таъмир мекунанд

Дар Панҷакент тасмим гирифтаанд, ки муҷассаи Абуабдуллоҳ Рӯдакиро гузоранд ва зиёратгоҳи шоирро таъмир кунанд. Дар ин хусус Абдухолиқ Холиқзод, раиси шаҳри Панҷакент, дирӯз, 30-юми январ, зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод. “Дар Душанбею Самарқанд ва чанд шаҳру ноҳияҳо муҷассамаи шоир ҳаст, аммо дар мо (Панҷакент. -муаллиф) нест. Мо тасмим гирифтем муҷассамаи Одамушшуаро Рӯдакиро дар Панҷрӯд гузорем […]

Хуршед Фозилов, махсус барои "Asia-Plus"

Дар Панҷакент тасмим гирифтаанд, ки муҷассаи Абуабдуллоҳ Рӯдакиро гузоранд ва зиёратгоҳи шоирро таъмир кунанд. Дар ин хусус Абдухолиқ Холиқзод, раиси шаҳри Панҷакент, дирӯз, 30-юми январ, зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

“Дар Душанбею Самарқанд ва чанд шаҳру ноҳияҳо муҷассамаи шоир ҳаст, аммо дар мо (Панҷакент. -муаллиф) нест. Мо тасмим гирифтем муҷассамаи Одамушшуаро Рӯдакиро дар Панҷрӯд гузорем ва зиёратгоҳи устодро таъмири замонавӣ кунем”, – гуфт Абдухолиқ Холиқзод.

Ба андешаи раиси шаҳри Панҷакент ҳоло зиёратгоҳи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ ба таъмир ниёз дорад, аз ин лиҳоз, онҳо тасмим гирифтаанд, ки онро бо тарҳи зебо тармим намуда, муҷассамаи шоирро низ дар он ҷой гузоранд. Нақшаи таъмир низ омода шудааст.

Ҳамзамон, дар ин нишаст таъкид гардид, ки роҳи Рукнобод – Кӯли калон, ки зиёратгоҳи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар шафати он ҷойгир аст, низ таъмир карда мешавад.

Гуфтан ба маврид аст, ки оромгоҳи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ яке аз зиёратгоҳҳои асосии алоқамандони аҳли адаб буда, ҳамасола садҳо нафар меҳмонони дохилию хориҷӣ ба зиёрати он мераванд.

Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс буда, соли 858 таваллуд шудааст ва соли 941 вафот кардааст. Таърихи ҳазору сад солаи адабиёти тоҷик бо номи Рӯдакӣ сахт вобаста аст ва муосиронаш ва суханварони баъдина ӯро бо унвонҳои ифтихории Одамушуаро, Қофиласорои назми форсӣ, Соҳибқирони шоирон, Султони шоирон, Мақаддумушуаро ва ҳамсони инҳо ёд мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.