Пас аз 3 сол мошинҳои боркаши тоҷик вориди Чин шуданд

Пас аз се соли таваққуф дар робита ба паҳншавии бемории ҳамагири коронавирус бори нахуст мошинҳои боркаши Тоҷикистон вориди ҳудуди Ҷумҳурии Мардумии Чин шуданд. Дар ин бора Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар медиҳад. Аз соли 2020 ба ин сӯ вуруди мошинҳои боркаш ба Чин манъ шуда буд ва танҳо контейнерҳои боркаш тавассути нақлиёти чинӣ ба марз оварда […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Пас аз се соли таваққуф дар робита ба паҳншавии бемории ҳамагири коронавирус бори нахуст мошинҳои боркаши Тоҷикистон вориди ҳудуди Ҷумҳурии Мардумии Чин шуданд. Дар ин бора Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар медиҳад.

Аз соли 2020 ба ин сӯ вуруди мошинҳои боркаш ба Чин манъ шуда буд ва танҳо контейнерҳои боркаш тавассути нақлиёти чинӣ ба марз оварда шуда, пас аз он ба нақлиёти Тоҷикистон бор карда мешуданд.

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон таъкид мекунад, ки “барои ин вақт ва маблағи бештар сарф мегардид”.

Дар марзи Тоҷикистону Чин танҳо як гузаргоҳ – “Қулма-Қарасу” мавҷуд аст, ки вилояти Мурғоби Тоҷикистон ва Вилояти Мухтори Шинҷон-Уйғури Чинро аз ҳам ҷудо мекунад.

Чин аз 8 январи соли ҷорӣ маҳдудиятҳои вурудро, ки дар чаҳорчӯби мубориза бо коронавирус ҷорӣ шуда буд, лағв кард.

Ёдовар мешавем, ки дар солҳои 2000-ум ин гузаргоҳ танҳо дар фасли баҳору тобистон фаъол буд, вале тайи даҳ соли охир ҳаракати нақлиёт тавассути он тамоми сол ба роҳ монда шудааст.

Мушкилот дар фаъолияти ин гузаргоҳ моҳи январи соли 2020, пас аз зуҳур ва паҳншавии пандемияи Ковид-19 ба миён омад. Нахуст ҳаракат аз тариқи гузаргоҳ комилан баста шуда, дар авохири моҳи апрели ҳамон сол кори он аз сар гирифта шуд, аммо шароит дигар шуд: худи чиниҳо дар интиқоли контейнерҳои боркаш ба марзи Тоҷикистон машғул буданд.

Зимнан, ҳангоми қабул ва интиқоли коло, қабулкунандагони тоҷик маҷбур буданд, ки барои контейнер алоҳида пардохт кунанд, ки арзиши аслии он ба гуфтаи таъминкунандагони тоҷик, беш аз 5 маротиба зиёд нишон дода шудааст.

Чин яке аз се шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон буда, пас аз Русия ва Қазоқистон дар ҷои дуюм аст. Дар соли 2022, бино ба маълумоти Оҷонсии омори Тоҷикистон, табодули мол миёни ин кишварҳо беш аз 1 миллиарду 200 миллион долларро ташкил дода, воридоти молҳои чинӣ ба Тоҷикистон 842 миллион доллар ва содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Чин 368 миллион долларро ташкил додааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.