Дар соли 2022 содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон беш аз 54 млн долларро ташкил дод

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Вазири кишоварзии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода зимни нишасти матбуотии рӯзи 30 январ хабар дод, ки соли 2022 аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи 54,3 млн доллар зиёда аз 191 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ интиқол дода шуд.

 “Ин миқдор 17,6 ҳазор тонна камтар нисбат ба соли 2021 буда, лекин аз рӯи маблағ 17,6 млн доллар зиёдтар аст, – гуфт ӯ. – Зиёда аз 40% аз ҳаҷми умумии содироти маҳсулоти кишоварзиро сабзавот – 76,6 ҳазор тонна ташкил медиҳад, аз ҷумла 66,6 ҳазор тоннааш пиёз”.

Ба гуфтаи вазир, ҳаҷми содироти мева 29% аз ҳаҷми умумӣ ё худ 54,5 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

“Харидорони сабзавот ва меваи Тоҷикистон кишварҳои ИДМ (92%), асосан Русия ва Қазоқистон мебошанд”, – иброз дошт Ҳакимзода.

Зимнан зикр шуд, кидар соли 2023 ба парвариши пахта, картошка, пиёз ва сабзӣ афзалият дода мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...