Дар Қирғизистон 42 донишҷӯи тоҷик боқӣ мондаанд. Вазорат омода аст, ки онҳоро баргардонад

Одиназода Рамазон, директори Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм имрӯз, 2-юми феврал, дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар ҳоли ҳозир 42 донишҷӯи тоҷик дар Қирғизистон таҳсил мекунанд ва дар сурати муроҷиат вазорат онҳоро бармегардонад. “Мо омода ҳастем, ки онҳоро баргардонем ва аз рӯи ихтисоси худашон ба донишгоҳҳои Тоҷикистон қабул кунем”, – гуфт Рамазон Одиназода. Гуфтан […]

Asia-Plus

Одиназода Рамазон, директори Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм имрӯз, 2-юми феврал, дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар ҳоли ҳозир 42 донишҷӯи тоҷик дар Қирғизистон таҳсил мекунанд ва дар сурати муроҷиат вазорат онҳоро бармегардонад.

“Мо омода ҳастем, ки онҳоро баргардонем ва аз рӯи ихтисоси худашон ба донишгоҳҳои Тоҷикистон қабул кунем”, – гуфт Рамазон Одиназода.

Гуфтан ба маврид аст, ки қаблан чандин донишҷӯи тоҷик ба Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон муроҷиат карда, хостори баргаштан ва идомаи таҳсилашон дар Тоҷикистон шуда буданд. Аксари онҳо аз афзоиши фишору таъқиб дар пайи таниши муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон шикоят доштанд.

Он замон Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо пахши изҳорот аз афзоиши мавридҳои таъқибу табъизи шаҳрвандони Тоҷикистон ва тоҷикҳои муқими Қирғизистон дар шаҳрҳои гуногуни Қирғизистон нигаронӣ кард ва гуфт, мақомоти Қирғизистон мехоҳанд беш аз 500 донишҷӯ аз Тоҷикистонро, ки дар мактабҳои олии вилояти Ош таҳсил мекунанд, ихроҷ кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.