Дарахтро беиҷоза буриданду мошинро дар ҷойи манъшуда шустанд? Ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист шикоят баред

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо нашри рақамҳои боварӣ аз шаҳрвандон хостааст, ки дар робита ба ҳама гуна нақзи қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист маълумот ироа кунанд.

Ба иттилои ин кумита, минбаъд сокинони кишвар метавонанд, дар бораи ҳама гуна нақзи қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ба қабулгоҳи ҷамъиятии экологӣ бо рақами +992 77 716 22 75 хабар диҳанд.

“Ба рақами телефони зикршуда тариқи WhatsApp ва Telegram мавод фиристед, аз ҷумла дар бораи далелҳои мавҷуд будани партовҳои худсаронаи маишӣ, далелҳои бе иҷозат буридани дарахтон, бесифат тоза кардани ҳудуд, дар бораи “мошиншӯйиҳо” дар ҷойҳое ғайри мақсаднок ва ғайра”, – дархост мекунад Кумита.

Ба гуфтаи манбаъ, нозирони мақомоти ҳифзи муҳити зист дар доираи муроҷиати шаҳрвандон рейдҳои фаври ташкил намуда, мушкилоти мавҷударо дар доираи ваколатҳои худ ва тибқи тартиби муқараргардидаи қонунгузории Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист баррасӣ менамоянд.

Гуфта мешавад, ки ин рақамҳои боварӣ ба таври шабонарӯзӣ, аз ҷумла рӯзҳои истироҳат фаъол аст.

“Ҳангоми ирсоли маълумот ба мессенҷерҳои мазкур ҳатман маълумотҳои алоқаи худро (нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият), суроғаи дақиқ ва пурраи қонунвайронкунии сабтшуда (акс ё видео бо сифати беҳтар), рақами телефони тамоси худро (дар ҳолати фарк намудани рақами мессенҷер бо рақами тамос) то ки мутахассисон дар ҳолати зарурӣ барои аниқ кардани маълумот бо Шумо тамос гиранд”, – менависад ин ниҳод.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист таъкид менамояд, ки маълумоти шахсии пешниҳодкардаи шаҳрвандон махфӣ боқӣ мемонад.

Дар ҳамин ҳол, бояд гуфт, ки рақамҳои боварии вазорату кумитаҳои гуногуни кишвар қаблан ҳам таъсис шуда буданд, аммо шаҳрвандон аз ҷавоб надодани телефонҳои боварӣ шикоят мекарданд.

Мо барои санҷиши ин ҳолат ба рақамҳои боварии пешниҳодкардаи Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба тамос шудем ва ҳолати мазкурро санҷидем. Тамоси моро ҷавоб доданд ва шикояти моро ба қайд гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл дар пайи сардиҳои бесобиқа ва мушкилоти обу барқу гармӣ “Шабакаҳои тақсимоти барқ” телефонҳои боварӣ ташкил карда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...