Телефони боварии “Шабакаҳои тақсимоти барқ”. Мушкили барқ дар Душанбе ҳал мешавад?

Дар пайи шикояти сокинони шаҳри Душанбе ва мушкили барқ дар пойтахт “Шабакаҳои тақсимоти барқ” телефонҳои боварӣ ташкил кардааст, ки ба таври шабонарӯзӣ кор мекунанд. Дар ин бора аз Ширкати “Барқи тоҷик” ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд. Ба гуфтаи манбаъ, телефонҳои мазкур бо мақсади кумак ба аҳолӣ бобати эътимоднокии таъминоти барқ, муносибати кормандони соҳаи тақсимоти барқ бо […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар пайи шикояти сокинони шаҳри Душанбе ва мушкили барқ дар пойтахт “Шабакаҳои тақсимоти барқ” телефонҳои боварӣ ташкил кардааст, ки ба таври шабонарӯзӣ кор мекунанд. Дар ин бора аз Ширкати “Барқи тоҷик” ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.

Ба гуфтаи манбаъ, телефонҳои мазкур бо мақсади кумак ба аҳолӣ бобати эътимоднокии таъминоти барқ, муносибати кормандони соҳаи тақсимоти барқ бо муштариён ва шафофияти кор ташкил шудаанд.

“Рақамҳои телефонҳои боварии ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” – 778886021 ва 2-50-33-01 мебошад, ки ба таври 24-соата фаъол ҳастанд. Сокинони пойтахт метавонанд, ки ба ҳама гуна муроҷиат ва мушкилоти худ бо ин рақамҳо ба тамос шаванд”, – гуфтанд аз Ширкати “Барқи тоҷик”.

Бояд гуфт, ин рақамҳои боварӣ дар ҳоле ташкил гардиданд, ки сокинони зиёди пойтахт аз мушкили обу барқ ва низоми гармидиҳӣ дар чанд муддати охир шикоят доштанд.

Аҳолии Душанбе аз якбора сард шудани ҳаво дар як ҳафтаи охир ба мушкилоти кори низоми гармидиҳӣ, нерӯи барқ ва оби нӯшокӣ рӯ ба рӯ шуданд ва даъво доранд, ки ин вазъ зиндагиашонро вазнин кардааст.

Дар ин баробар, мақомоти марбутаи пойтахт мушкилоти ҷойдоштаро таъйид карда, ба ҳалли проблемаҳои обу барқу гармӣ ваъда медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки мақомоти марбутаи тоҷик дар оғози мавсими гармидиҳӣ гуфта буданд, ки “барои хуб гузаронидани зимистон комилан омода ҳастанд”, вале сардиҳои охири моҳи декабр ва аввали январ ба муқобили ин ваъдаи мақомот баромад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.