НАВШУДА. Сафорати Тоҷикистон дар Туркия: Дақиқ хоҳем кард, ки миёни қурбониёни заминларза шаҳрванди мо ҳаст ё не

Айни ҳол, оид ба шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон миёни қурбониёни заминларза дар Туркия иттилоъе нест. Дар ин бора аз Сафорати Тоҷикистон дар Туркия ба “Азия-Плюс” хабар доданд. “Ҳоло мо талош дорем мушаххас кунем, ки оё дар миёни фавтидагон шаҳрвандони хориҷӣ вуҷуд доранд ё не. Баробари пайдо шудани чунин маълумот, мо дақиқ хоҳем кард, […]

Айни ҳол, оид ба шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон миёни қурбониёни заминларза дар Туркия иттилоъе нест. Дар ин бора аз Сафорати Тоҷикистон дар Туркия ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

“Ҳоло мо талош дорем мушаххас кунем, ки оё дар миёни фавтидагон шаҳрвандони хориҷӣ вуҷуд доранд ё не. Баробари пайдо шудани чунин маълумот, мо дақиқ хоҳем кард, ки оё дар миёни онҳо шаҳрвандони мо ҳастанд ё не", – гуфтанд аз Сафорат.

Намояндагии дипломатӣ итминон дод, ки “ҳангоме ба даст овардани иттилоъ, ҳатман хабар хоҳанд дод”.

Дар ҳамин ҳол, аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия хабар доданд, ки барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар минтақаҳои Қаҳраманмараш, Хатай, Османия, Адияман, Газиантеп, Шанлиурфа, Диярбакир, Малатия ва Адана қарор доранд ва аз заминларзаи субҳи 6-уми феврал зарар дидаанд, телефони бовариро фаъол намудааст.
Тел: + 90 312 491 16 07
        + 90 538 594 32 10 (WhatsApp)

Бояд гуфт, ки субҳи имрӯз дар дар ҷанубу шарқии Туркия, дар наздикии марз бо Сурия заминларзаи шадид рух дод.

Тибқи маълумоти охирин, дар пайи ин заминларза беш аз 500 нафар ҳалок шуданд: шумораи ҳалокшудагон дар Туркия ба 284 нафар расида, дар Сурия бошад беш аз 230 нафар ҷон бохтанд.

Шиддати заминларза дар умқи 17,9 километр, дар наздикии шаҳри Ғозиантеп – шаҳре, ки беш аз 1 миллион нафар аҳолӣ дорад, 7,8 дараҷа будааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.