Дар ҷасадҳои аз дарёҳои Тоҷикистон ёфтшуда аломатҳои марги маҷбурӣ ошкор нашуд, – ВКД

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Аввали моҳи феврал кормандони КҲФ дар дарёҳои Душанбе ва вилояти Суғд ду ҷасад –  мард ва занро аз об берун оварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд. Дар мақомоти милитсия изҳор мекунанд, ки дар ҷаасадҳо аломатҳои марги маҷбурӣ ошкор нашудааст.

Дар Раёсати ВКД дар вилояти Суғд шахсияти занро, ки ҷасадаш дар Сирдарё байни қамишзор дарёфт шуд, муайян кардаанд. Ин Зайнура Каримоваи 31-сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилоят мебошад.

“Рӯзи 24 январ падари ҷавонзан ба шуъбаи маҳаллии милитсия муроҷиат намуда, изҳор мекунад, ки духтараш бедарак шудааст. Ба гуфтаи вай, ӯ аз хона баромада, дигар барнагаштааст. Муфаттишон дар ҷасади ӯ ягон аломати муқовимат ё дигар осори марги маҷбуриро ошкор накарданд”, – зикр карданд дар Раёсати ВКД-и вилоят.

Дар ҳамин ҳол, ба савол дар бораи муайян шудани рӯзи дақиқи ҳалок шудан ва сабаби аслии марги зан посух гуфта натавонистанд.

Ба иттилои манбаъ, ҳоло ин далелҳо таҳқиқ шуда, аз эҳтимол дур нест, ки ин худкушӣ аст, лекин аз сабабҳои марг ҳарф задан ҳоло барвақт аст. “Сабабҳои марги занро мақомоти салоҳиятдор ошкор мекунанд”, – гуфтанд дар Раёсат.

Дар ҳамин ҳол, тавре ки ба “Азия-Плюс” аз маркази матбуоти ВКД ҷумҳурӣ хабар доданд, шахсияти марди аз чоҳи обрав дарёфтшуда дар Душанбе то ҳол муайян нашудааст.

“Дар ҷасади марди тақрибан 40-45-сола аломатҳои марги маҷбурӣ дида намешавад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба корҳои муайян кардани шахсияти ҷасад ва сабабҳои марги мард идома медиҳанд”, – зикр карданд дар Вазорат.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...