Фурӯши доруи “Док-1 МАКС” дар Тоҷикистон расман манъ карда шуд

Дар Тоҷикистон фурӯши доруҳои “ДОК-1” ва “Док-Макс” расман манъ карда шуд. Дар ин бора Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон имрӯз, 10-уми феврал, дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод. Ӯ гуфт, аз дорувории мазкур ягон шикоят ба вазорат ворид нагардидааст ва оризае низ ба қайд гирифта нашудааст. Вазир зикр намуд, ки айни ҳол […]

Мазҳаб Ҷумъа, Манзумаи Фирӯз, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон фурӯши доруҳои “ДОК-1” ва “Док-Макс” расман манъ карда шуд. Дар ин бора Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон имрӯз, 10-уми феврал, дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, аз дорувории мазкур ягон шикоят ба вазорат ворид нагардидааст ва оризае низ ба қайд гирифта нашудааст.

Вазир зикр намуд, ки айни ҳол доруҳои мазкур аз фурӯш гирифта шуда, ба фурӯш баровардани онҳо манъ карда шудааст.

Бояд гуфт, қаблан аз Хадамоти назорати давлатӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба “Азия-Плюс” хабар дода буданд, ки дар муассисаҳои савдои фармасевтӣ дар ҷумҳурӣ 208 адад дорувории “Док-1 MAX” (100 мл) шарбат ва 269 ҳаб “ЕД Док-1 No10” муайян карда, онҳо барои санҷиши назоратӣ ба лаборатория супурда шуданд.

Вале дар нишасти имрӯза гуфта нашуд, ки баъди санҷиши лабораторӣ дар таркиби ин доруҳо чӣ ба қайд гирифта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки шарбати сулфа дар се кишвар боиси марги беш аз 300 нафар шуда буд. Танҳо дар Ӯзбекистони ҳамсоя 20 кӯдак аз ин дору ҷон бохтанд. Тибқи иттилои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, аксари фавтидагон кӯдакони то панҷсола мебошанд.

Ширкати ҳиндии Marion Biotech (истеҳсолкунандаи ин доруҳо) аз авоили солҳои 2000-ум дар Тоҷикистон фаъолият мекунад. Тибқи иттилои Хадамоти назорати давлатӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, то ба имрӯз дар Тоҷикистон бар асари истеъмоли доруҳои ин ширкат касе осеб надидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.