Ифтитоҳи хатсайрҳои “Аэрофлот” аз Санкт-Петербург ба Душанбе

Asia-Plus

Ширкати ҳавопаймоии “Аэрофлот”-и Русия хатсайрҳои мустақими доимиро аз Санкт-Петербург ба Душанбе боз мекунад. Парвозҳо ҳафтае ду маротиба дар ҳавопаймоҳои Boeing 737 иҷро карда мешаванд, хабар медиҳад дафтари матбуоти ширкат.

Гуфта мешавад, парвозҳо бо ин хатсайр аз рӯзи 12 март оғоз мешаванд.

Гуфта мешавад, ҳавопаймоҳои ширкат ду маротиба дар як ҳафта – рӯзҳои ҷумъа ва якшанбе бо ин хатсайр парвоз анҷом медиҳанд.

Аз ҷумла, парвоз бо хатсайри SU762 аз Санкт-Петербург соати 0:30 муқаррар шуда, соати 7:35 дақиқа ба Душанбе мерасад. Парвоз бо хатсайри SU763 аз Душанбе соати 8:55 таъин шуда, соати 12:25 дақиқа ба Санкт-Пеӣербург мерасад.

“Парвози ҳавопаймоҳои “Аэрофлот” ба пойтахти Тоҷикистон ба рушди робитаҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ байни давлатҳо мусоидат намуда, инчунин имконот барои сайёҳиро тақвият мебахшанд”, – омадааст дар хабар.

Бо ҷадвали парвозҳо дар сомонаи ширкати ҳавопаймоӣ шинос шудан мумкин аст. Фармоиш (брон) ва харидани билет дар сомонаи “Аэрофлот”, замимаи мобилӣ, бо телефонҳои шабонарӯзи фаъоли маркази иттилотт ва фармоиш +7-495-223-5555 (Маскав), 8-800-444-5555 (занг дар Русия ройгон), тариқи USSD-фармоиш *555 (барои телефонҳои мобилӣ), дар нуқтаҳои фурӯши ширкат ва агентҳо имконпазир аст.

“Аэрофлот” бузургтарин ширкати ҳавопаймоии Русия мебошад, ки аллакай 99 сол инҷониб фаъолият дорад. Ба ҳайати Гурӯҳи ҳамном инчунин ширкатҳои ҳавопаймоии "Россия" ва "Победа" шомиланд.

Ёдрас мекунем, ки соли 2021 ширкат барои анҷоми парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия иҷоза гирифта буд. Он замон ширкат бо хатсайри Душанбе-Маскав якчанд парвоз анҷом дод. Акнун парвозҳо доимӣ ба иҷро расонида мешаванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...