Вазири тандурустӣ: Дар робита ба фавти шишгоник се корманди таваллудхона муҷозот шуданд

Мазҳаб Ҷумъа, Манзумаи Фирӯз, Asia-Plus

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон имрӯз, 10-уми феврал, дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар робита ба фавти шашгоник се корманди таваллудхонаи вилоятии Суғд, ки дар ҷараёни таваллуди навзодон ба “хатогии техникӣ” роҳ додаанд, муҷозот шудаанд.

Аммо вазир рӯшан нагуфт, ки зери мафҳуми "хатогии техникӣ" чиро дар назар дорад.

Ҳамчунин, вазир таъкид намуд, ки сардухтури таваллудхонаи вилоятии Суғд Нурӣ Дадобоева ба нафақа гусел карда шуд ва ин ба фавти шашгоник рабт надорад.

Бояд гуфт, ки рӯзи 11-уми январ дар таваллудхонаи вилоятии Суғд шашгоник таваллуд шуд ва як рӯз пас ҳамаи навзодон фавтиданд. 20-уми январ, баъд аз 8 рӯзи ҳодиса Нурӣ Дадобоева, сардухтори таваллудхонаи вилоятӣ ба нафақа фиристода шуд ва ба ҷояш муовини ӯ Мунира Валиева таъин гардид.

Зимни нишасти имрӯза Ҷамолиддин Абдуллозода бори дигар ба мавқеи қаблан нашркардаи вазорат таъкид намуд ва ба тамоми суолҳо дар мавриди хунукназарии кормандони соҳаи тиб ҳангоми таваллуди шашгоник ва адами шароити мувофиқ барои нигоҳдории онҳо посух дод, ки “агар хидматрасонӣ паст мебуд, ин тифлон баъди як соат мефавтиданд”.

“Дар таваллудхона кувез буд ва тифлон бо ҳарорату гармӣ таъмин буданд”, – зикр кард Ҷамолиддин Абдуллозода.

Ӯ яке аз сабабҳои фавти шашгоникро “инкишофи пурра наёфтани узвҳо” номида, зикр кард, ки “баъди ҳолати мазкур дар таваллудхона тамоми ҳаракатҳои санҷишӣ гузаронида шуд ва муовини вазир низ дар санҷишҳо ширкат варзида, масъаларо муҳокима намуд”.

Ёодовар мешавем, ки 11-уми январи соли 2023 дар таваллудхонаи вилоятии Суғд бори аввал дар таърихи Тоҷикистон шагоник – 2 писару 4 духтар таваллуд шуд. Пас аз таваллуд вазъи саломатии онҳо муътадил арзёбӣ мешуд. Ҳамчунин, вазъи саломатии модари шашгоник – Муборак Соҳибоваи 26-сола низ хуб гуфта мешуд.

Бо гузашти ҳамагӣ як рӯз, шашгоник яке паси дигар фавтиданд.

Наздикони шашгоник сабаби фавти навзодонро хунукназарии кормандони таваллудхонаи вилоятӣ гуфтанд. Вазорати тандурустӣ бошад, бо нашри изҳорот сабаби фавти шашгоникро “вазни ниҳоят кам ҳангоми таваллуд” гуфт.

Пас аз чанд ҳафтаи фавти шашгоник Зайнура Азимӣ, муовини раиси вилояти Суғд яке аз сабабҳои фавти навзодонро хунукназарии масъулини дахлдори вилоят номид.

То ҳол маълум нест, ки дар робита ба фавти шаш тифли навзод ягон таҳқиқот ва ё тафтишот аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ оғозу анҷом шудааст ё не. Қаблан ба саволҳои “Азия-Плюс” дар робита ба ин масъала, аз додситонии вилояти Суғд изҳор дошта буданд, ки “шикояте ворид нашудааст”.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...