Пас аз фавти шашгоник. Сардухтури таваллудхонаи вилояти Суғд ба нафақа фиристода шуд

Пас аз 8 рӯзи фавти шашгоник дар таваллудхонаи вилоятии вилояти Суғд, Нурӣ Дадобоева, сардухтори он, имрӯз, 20-уми январ, ба нафақа фиристода шуд. Ба ҷойи ӯ Мунира Валиева, ки то ин замон ба ҳайси муовин фаъолият дошт, сардухтури нави таваллудхона таъин гардидааст. Дар ин бора худи сардухтури нав ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод. Бояд гуфт, ки рӯзи […]

Asia-Plus

Пас аз 8 рӯзи фавти шашгоник дар таваллудхонаи вилоятии вилояти Суғд, Нурӣ Дадобоева, сардухтори он, имрӯз, 20-уми январ, ба нафақа фиристода шуд. Ба ҷойи ӯ Мунира Валиева, ки то ин замон ба ҳайси муовин фаъолият дошт, сардухтури нави таваллудхона таъин гардидааст. Дар ин бора худи сардухтури нав ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Бояд гуфт, ки рӯзи 11 январ дар таваллудхонаи вилояти Суғд шашгоник таваллуд шуд, дар оғоз табибон вазъи онҳоро муътадил арзёбӣ карда буданд. Як рӯз пас, 12-уми январ, ҳамаи навзодон фавтиданд.

Наздикони шашгоник сабаби фавти навзодонро хунукназарии кормандони ин таваллудхона гуфтанд. Залиёхон Раҳимова, бибии шашгоники фавтида ба “Азия Плюс” гуфт, ки духтараш пас аз интиқол ба таваллудхона “сари вақт кумаки тиббӣ нагирифтааст”.

“Танҳо баъди 1,5 соати интизорӣ зани ҳомила ба шӯъбаи ёрии таъҷилӣ бистарӣ шуд. Умуман, духтарам то таваллуд 3 соат дар навбат истода, мунтазири кумак буд. Албатта, ин ба саломатии ӯ таъсир расонд”, – гуфта буд ӯ.

Ба гуфтаи Раҳимова, танҳо пас аз сару садои хушдомани духтараш ва талаби кумак аз пизишкон, момодоя ва ҳамшираҳои шафқат ба назди келини ҳомилааш омадаанд.

«Дар беморхона тамоми шароит мухайё аст, вале аз тарафи кормандони тиб муносибати хунукназарона дида мешавад. Дар Тоҷикистон бори аввал шаш кӯдак дар як вақт ба дунё омаданд ва агар табибон ҳама корро аз аввал дуруст анҷом медоданд ва онҳоро назорат мекарданд, шояд наберагонам зинда мемонданд”, – гуфт Залиёхон Раҳимова.

Тибқи иттилои вазорати тандурустӣ, сабаби марги кӯдакон камвазнӣ ва таваллуди бармаҳал будааст. Онҳо аз 550 то 700 грамм вазн доштанд ва дар ҳафтаи 26-уми ҳомиладорӣ (6 моҳ) таваллуд шудаанд.

Ҳамчунин, вазорати тандурустӣ изҳор дошт, ки барои зинда мондани навзодон тамоми чораҳо андешида шуданд.

Дар баробари ин савол беҷавоб мемонад: агар тамоми чораҳо дида шуда бошанд, пас чаро дар аксу навор навзодон дар инкубаторҳо, тавре ки бояд бошад, набуданд? (аксу наворҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуданд, – идора.).

Оё додситонӣ сабаби марги кӯдаконро таҳқиқ хоҳад кард?

Дар ҳамин ҳол, аз рӯи далели марги тифлони навзод, зоҳиран, ҳатто санҷиши пешакии тафтишотӣ гузаронида нашудааст.

Пайрав Мириноят, ёрдамчии калони прокурори вилояти Суғд оид ба таъминоти ҳуқуқӣ, мониторинги қонунгузорӣ ва кор бо матбуот дар як суҳбати телефони ба “Азия-Плюс” гуфт: “Намедонам, ки дар робита ба марги шашгоник дар беморхонаи вилоятӣ ягон шикоят ворид шудааст ё не. Ҳамчунин, намедонам, ки ҳодисаи фавти шашгоник таҳқиқ мешавад ё не”.

Сухангӯи Додситонии куллии кишвар Амон Абдураҳмонов бошад кӯтоҳ гуфт: “Мактуб нависед, ба саволатон ҷавоб медиҳем”.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.