Манбаъ: Фавти писари сардори милитсияи Варзоб дар пайи сӯхтор

Дар пайи як сӯхтор дар шаҳри Душанбе писари Рамазон Мирзозода, подполковники милитсия ва сардори шуъбаи корҳои дохилии ВКД дар ноҳияи Варзоб фавтидааст. Дар ин бора чанде аз сокинони маҳаллӣ ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Онҳо гуфтанд, сӯхтор субҳи 18-уми январ дар хонаи истиқоматии Рамазон Мирзозода, дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душабе (дар наздикии НБО Варзоб) рух […]

Дар пайи як сӯхтор дар шаҳри Душанбе писари Рамазон Мирзозода, подполковники милитсия ва сардори шуъбаи корҳои дохилии ВКД дар ноҳияи Варзоб фавтидааст. Дар ин бора чанде аз сокинони маҳаллӣ ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Онҳо гуфтанд, сӯхтор субҳи 18-уми январ дар хонаи истиқоматии Рамазон Мирзозода, дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душабе (дар наздикии НБО Варзоб) рух додааст.

Дар Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД хабари рух додани ҳодисаро ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд, вале аз ибрози ҷузъиёти ҳодиса худдорӣ намуданд.

Мо натавонистем аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар робита ба ҳодисаи мазкур иттилоъ дастрас намоем.

Ҳамчунин, маълум нест, ки сабабу омили сӯхтор  чӣ аст ва кормандони идораи сӯхторхомӯшкунӣ кай ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудаанд.

Кӯшишҳои мо барои дарёфти шарҳи расмӣ аз шуъбаи Хадамоти оташнишонии ноҳия, ҳукумат ва ШКД дар ноҳияи Варзоб бенатиҷа анҷом ёфт.

Бояд гуфт, дар робита ба сӯхтори яке аз хонаҳои истиқоматӣ дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ду рӯз қабл дар шабакаҳои иҷтимоӣ навор паҳн гардид ва ба эҳтимоли зиёд, ин ҳодисаи сӯхтори хонаи сардори ШКД дар ноҳияи Варзоб аст.

Гуфтан ба маврид аст, ки бинобар сардиҳои ҳаво, дар кишвар ҳодисаи сӯхтор афзоиш ёфта, фавти одамон низ ба қайд гирифта шудаанд.

Аз ҷумла, 14-уми январ, дар пайи сӯхтори манзили истиқоматӣ як сокини 70-солаи Хуҷанд ба ҳалокат расид.

Ҳамчунин, 17-уми январ дар шаҳри Ҳисор масҷиде ба коми оташ рафт, ки сабаби асосии сар задани сӯхтор хомӯш накардани фарши гарм гуфта мешавад.

Ёдовар мешавем, ки аз 10-уми январ дар Тоҷикистон ҳавои сард ҳукмрон аст ва сокинон барои гарм кардани хонаҳову коргоҳи худ аз таҷҳизоти барқӣ истифода мекунанд ва мақомот омили мазкурро яке аз сабабҳои асосии афзоиши ҳодисаи сӯхтор маънидод мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.